Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

Март 27, 2018 17:15

ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 марти соли 2018 дар ҳошияи Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон зери унвони «Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар бахши амният ва  мушорикати минтақавӣ» вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минтақавиро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузориву технологӣ ва илму маориф мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар баробари ин, иштирокдорон таваҷҷуҳи махсус ба масоили муътадилшавии вазъи Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар зоҳир намуданд.

Март 27, 2018 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд