Волейболбоздухтарони ноҳияи А. Ҷомӣ соҳиби Ҷоми раиси вилояти Хатлон гардиданд

Март 5, 2018 11:03

БОХТАР, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Бохтари вилояти  Хатлон  бо  иштироки  15  дастаи  духтарон  аз шаҳру  навоҳии  вилоят мусобиқаи  волейбол  барои Ҷоми раиси  вилоят  баргузор гардид.

Тавре аз  Раёсати кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши вилояти  Хатлон ба  мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар» иттилоъ  доданд, мусобиқаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида  ба  Рӯзи  Модар гузаронида шуда, он ду  рӯз идома ёфт.

Дар натиҷа ҷойи якумро дастаи ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷойи дуюмро дастаи ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва ҷойи сеюмро дастаи шаҳри Бохтар соҳиб гардиданд.

Дастаҳои номбурда бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба ғолиби мусобиқа- дастаи ноҳияи А. Ҷомӣ зимни баргузории барномаи фарҳангии вилоятӣ ба муносибати Рўзи Модар  аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Ҷоми раиси вилоят супорида мешавад.

Март 5, 2018 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид