ЗАНИ ТОҶИК ВА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ. Аксари ҳунару пешаҳои мардумӣ маҳз маҳсули назари зебо ва тахайюлоти рангини бонувони ҳунарманди моянд

Март 5, 2018 16:08

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Симои маънавии миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар қатори падидаҳои бузургу хуҷастаи илмиву адабиву  ҳунарӣ ва  санъатҳои классикӣ боз бо дурахши хосса  дар ойину маросим ва суннатҳои ҳунарии мардумияш таҷассум ёфтааст. Суннату маросимҳои миллии мардумии мо дар тӯли асрҳо симои одобу маърифат ва фарҳанги халқамонро шакл додаанд. Тамоми суннатҳо ва расму маросимҳои миллии мо, ки таърихи қадимӣ доранд, аз куҳантарин замонҳо оҳанги башарӣ дошта, дар пояи хайрхоҳӣ, некманишӣ ва сулҳу дӯстиву инсонигарӣ нумӯъ ёфтаанд. Маросимҳое чунин, чун чашни Сада ва Наврӯзи аҷам аз қадимтарин маросимҳи инсонӣ буда, дар замонҳои пешдодӣ, дар оғози тамаддуни инсоният зуҳур ёфтаанд ва баъд аз гузаштани ин ҳама ҳазорсолаҳо аз имтиҳонҳои гарону хунини таърих, боз ҳам пояндаву таҷассумгари хираду фарҳанги миллии мо мондаанд. Албатта,  ҳазорсолаҳо поянда будани маросиму суннатҳои халқи мо, аввалан гувоҳи бунёди неки онҳо бошад, баъдан, аз хираду ҳунари азалии миллатон  гувоҳӣ медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки маросим ва суннату оинҳои мардумии мо саршор аз ҳунарҳои рангоранг ва тасхиркунандаи мардумиянд.

Имрӯз, вақте ки мо бо ифтихор дар бораи мондагорӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ доштани суннатҳо ва ҳунарҳои мардумиямон сухан мегӯем, набояд аз ёд барем, ки пояндадорони онҳо дар манзилҳову ҷомеаи мо дар тӯли ин ҳама таърихи гарон, пеш аз ҳама, занону модаронамон будаанд. Занону духтарон ва модарони тоҷик, ки бунёди эҷодкорона дошта, зотан эҷодкору ҳунарманданд, ин ҳама ойину суннатҳоро на фақат зинда доштаанд, балки эҷодкорона пайваста такмил додаву сифатан боло бурдаанд ва бар он нозуконаву соҳибзавқона сифатҳои нав ба нав зам кардаанд. Агар нек назар андозем, аксари ҳунару пешаҳои мардумиамон маҳз маҳсули назари зебо ва тахайюлоти рангини  занони ҳунарманди моянд. Далел? Марҳамат. Тамоми намуди пухтупази таомҳои миллии мо, тамоми намуди ҳунарҳои  дӯзандагиву бофандагиву ресандагии миллиамон, тамоми ҳунарҳои ороишӣ марбут ба ҳунари дасти занон аст. Оё ин худ аллакай  панҷоҳ фисади ҳунарҳои мардумии моро фаро намегирад? Ҳол он ки даҳҳо номгӯй ҳунарҳои дигари хонаводагиву ҷамъиятиро бе ширкати занону модарони азизи мо наметавон тасаввур кард.

Муҳим ин аст, ки маҳсули ҳунарҳои волои дастии занони мо метавонад бо беҳтарин падидаҳо дар ин соҳа дар сатҳи байналмилалӣ рақобат кунад. Зеро борҳо шоҳид будаем, ки мардуми кишварҳои дигари олам мафтуни маҳсули ҳунари дастони модарони тоҷик гардидаанд ва ба онҳо арҷи баланд гузоштаанд. Маҳз ҳамин падидаҳоро ба назар гирифта, Пешвои миллати тоҷикон дар радифи рушди сайёҳӣ  рушди ҳунарҳои мардумиро низ дастгирӣ намуданд. Аслан аҳамияти хосса додан ба ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз онҳо дар сиёсати Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон падидаи нав набуда, аз оғози истиқлолият пайгирӣ мешавад. Ин ҳама солҳо ҳамеша дар ҳама маъракаҳову ҷашну маросимҳои миллии мо ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҷой ва аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳоло ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод кардани фурӯши молу маводи маҳсули мардумӣ боз як гувоҳи ғамхориву дастгирии бесобиқа нисбат ба ҳунармандони мардумӣ аз ҷониби Пешвои некбину дурандеши миллатамон аст.

Акнун бояд  ба воқеан дурбинонаву ҳадафнок ва хирадмандона будани ин иқдоми Пешвои миллатамон иқрор шуд. Зеро, воқеан ҳунарҳои мардумии халқи мо, маҳсули кори дастони ҳунармандони чирадасти тоҷик, хусусан занону модарону духтарони соҳибзавқу соҳибистеъдодамон бебаҳо буда, падидаҳои нодири ҳунариеро ба бор овардаанд, ки танҳо тамошои он ба ҳар бинанда як олам завқи зебоипарастӣ эҳдо мекунад. Табиист, ки тарғиб ва ташкили савдои он дастгирӣ аз ин ҳунармандони чирадаст буда, сатҳи зиндагӣ ва шароити кори онҳоро хеле баланд хоҳад бардошт.

Чанде пеш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд намоиши матоъ ва либосвориҳои атласу адрас  барпо гардид. Ин намоиш гувоҳи он буд, ки занони ҳунарманд ва чирадасти тоҷик чӣ қадар дар ин соҳа ба комёбиҳои беназиру ҳайратовар ноил шудаанд. Чунин намоиши ҳунарии бо завқи баланд таҳияшудаи адрасу атласбофони мо, ки  намунаи барҷастаи намоиши ҳунару санъати дастӣ мебошад, сазовори намоиш додан дар ҳамаи саҳнаҳои дунёст, то меҳмонон ва сайёҳони мамлакати мо на танҳо онро бинанду лаззати  зебоипарастӣ баранд, балки аз он харидорӣ кунанд ва чун беҳтарин дастовез бо худ ба кишварҳояшон бубаранд. Айни ҳамин андешаҳоро дар хусуси либосвориҳо аз чакани тоҷикӣ, ки шабеҳаш дар ҳеҷ куҷо нест, метавон гуфт. Ҷолиб ин аст, ки маҳсули ин ҳунарҳо имрӯз на фақат симои миллӣ доранд, балки ба талаботи замони муосир ва  модерн низ ҷавобгӯянд. Дар хусуси ҳунари гулдӯзиву зардӯзии занони соҳибистеъдоду ҳунарманди мо, сифати зебои кулоҳҳои миллии тоҷикӣ, ки дар ҳар маҳал бо рангу ҷилову дизайни хосса  бо дастони  модарони мо омода мешаванд, метавон таърифу тавсифи зиёде кард. Мо борҳо дидаем, ки ин гулдӯзиҳо ва ин кулоҳҳоро хориҷиён бо чӣ қадар мафтунӣ харида, бо худ чун беҳтарин дастовез ба ватанашон мебаранд. Ҷойи шубҳа нест, ки маҳсулоти ҳунарии бонувони мо зимни ба хориҷа сафар карданамон метавонанд беҳтарин ҳадяву дастовези худи мо бошанд.

Аз хусуси пухту пази таомҳои миллӣ, маҳсули дасту завқи баланди занону модарони тоҷик низ метавон алоҳида сухан кард. Аз пухтупази сумалаку қурутоб, шакаробу ширкаду ва даҳҳо намуд хӯрокҳои миллии хамирӣ ва аз меваву сабзавоту маҳсулоти ширӣ омодашуда, ки танҳо хоси тоҷиконанд, метавон бо ваҷд соатҳо сухан гуфт. Аз омода кардани маводу ашё барои пухтани таоми тоҷикӣ то пуха гирифтани он чандин ҳунару ҳадафҳои дигар: парвариши завқу истеъдоду сифатҳои дигари хуби инсонӣ ва ҳадафҳои нек  пайгирӣ мешаванд. Масалан, пухтани оши палов, ё сумалак ё ҳар хӯроки миллии дигар, мисли угрову ширкаду шабеҳи бунёди як иди хурди дӯстгонӣ ва ё хонаводагист, ки ба ҳолати рӯҳӣ, солимии асаб, бедории завқ, кушодани табъ ва ғайраҳо мусоидат мекунад. Пухтупази оши палав аз оғоз, аз сабзирезакуниву андохтани равғану дигар чизҳо- ҳар лаҳзааш бо ҷузъиёт ба инсон як рӯҳияи идона мебахшад. Ва баъд аз ин ҳама, омода шудани ош ва дар зарф кашида овардану ба пеши меҳмон гузоштани он, чӣ қадар диданиву зебо буда, табъҳоро хуш ва болида мегардонад. Яъне, ки оши палов танҳо таом нест, балки бо ин ҳама ҳадафҳои нек ва ангезишҳои зебо як асари санъати баланд аст. Метавон ҳамин тавр бисёре аз ғизоҳои миллии мо ва тарзи пухту пази онҳоро маънидод кард.

Дар хусуси ойину суннатҳои зиёди дигаре, чун ороиши арӯс, арӯсбиёрон,  таомулҳои рангини он, ки ҳар яке як саҳначаи мафтункунанда, як асари волои ҳунару санъати бонувони тоҷиканд, низ зиёд метавон ёдовар шуд. Масалан, ҳамин омодасозии арӯс дар хонаводаи тоҷикӣ, дар Бадахшон ё дар Зарафшон, дар Хуҷанду Истаравшан, дар Хатлону Ҳисору Раштон, дар ҳама ҷо ба рангҳои хосса, чӣ қадар диданиву пазируфтаниву  пуропур аз ҳадафҳои зебоипарастӣ ва ахлоқи нек аст. Гумон мекунам навори як чунин филми зебои ҳунарие, ки ҳамаи ин ҷараёнро таҷассум мекунад, аз сертамошотарин наворҳо дар экранҳои ҷаҳонӣ буда метавонад, ки ҳамаро бо таровату зебоии худ мафтун хоҳад кард. Ва даҳҳо маросимҳои зебои дигари миллии моро метавон мисол овард, ки ҳама симои зебоипарастӣ, фарҳанги баланд ва завқи дурахшони модарону духтарони тоҷикро намоиш медиҳанд.

Одатан чунин аст, ки ҳар зани тоҷик дар кӯҳистон худаш, бо дастони тиҳии пур аз ҳунараш як коргоҳи ҳунар аст. Аз ғоз додани пахтаву пашм то ресидану омода кардани наху ришта, то бофтани матою резишу бурриши он ва дӯхтани пироҳани зебое ҳама ҳунари волою беназири як зан ё модари тоҷик аст, ки бидуни шубҳа, чунин кори дастӣ дар хориҷа арзиши баланд дорад. Занону модарони мо аз замонҳои қадим, қариб ҳар яке дар хонадони худ дастгоҳи рағзабофӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд, ки тавассути он гилемҳои қавиву рангин мебофтанду мебофанд, ки дар сифату зебоӣ ҳамто надоранд ва метавонанд бо беҳтарин маҳсулоти шабеҳи худ дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобат дошта бошанд.

Бубинед, ки имрӯз сиёсати давлатии ҷумҳурии мо ва Пешвои миллатамон барои ана ҳамин гуна ҳунарҳои мардумӣ роҳ кушода, имконияту майдони фарох медиҳад. Ва мо аминем, ки ин иқдоми нек ҳам дар некӯаҳволии мардуму баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳам дар рушду тарғиби ҳунарҳои мардумии мо саҳми бузурге хоҳад гузошт.

Бидуни шубҳа, такя ба ҳунар ва ҳунарҳои мардумӣ кардани Ҳукумати Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  далели муътамади халқи соҳибтамаддун ва фарҳангпарвар будани тоҷикони куҳанбунёд аст. Мо мутмаинем, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои зебои модарон ва бонувони тоҷик низ эҳёи тоза ёфта, на танҳо онҳоро дар намоишгоҳу фурӯшгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, балки ба зиндагии шоиставу  сазоворашон ҳусну баракати тоза мебахшад.

 

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

ходими адабии АМИТ «Ховар»

Март 5, 2018 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
AJP TOUR TAJIKISTAN. Дар Душанбе нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор шуд
Шакли муосири шарикӣ: густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар ин мавзуъ
Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Корҳои бартарафсозии оқибати сел дар Нуробод ва Варзоб идома доранд»
ОГОҲИИ АГЕНТИИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бештар мешавад
«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
Ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо кард
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир намуд