Зоир Раҳмонзода: «Дар Тоҷикистон ҳуқуқи зану мард баробар аст»

Март 6, 2018 14:44

ДУШАНБЕ,  6.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуқи занону мардон дар Тоҷикистон баробар аст ва инро давлат кафолат додааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону модарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил додааст. Ин нуктаро имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода зимни баргузории конфронс ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар иброз дошт.

Зоир Раҳмонзода занону бонувонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд, ки ин аз баланд бардоштани мақоми зан – модар дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори конфронс ҳамчунин дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ташккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Насриддинзода сухан гуфта, зикр намуд, ки «зан сарчашмаи на танҳо ҳаёти инсон, балки рамзи некию хайрхоҳӣ, дилсӯзию муҳаббат ва зебоию нафосат мебошад».

Эмомалӣ Насриддинзода ҳамчунин иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни махсусе дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ном дорад. Дар ин қонун мавқеи зан дар пешрафти ҷомеа, низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нишон дода шудааст.

 

Март 6, 2018 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад