«АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРО…». Маъюбону нафақахӯрон ба сайру тамошои пойтахт баромаданд

Апрель 19, 2018 18:23

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ    дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр”саёҳати маъюбону нафақахӯронро ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуд.    

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз маҳаллаи «8-уми март» сайругашти худро шурӯъ карда, аз майдони «800- солагии Москва», ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Боғи “Парчам”, Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд.

Ҳамчунин дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.

Сайру саёҳати пойтахти Тоҷикистон баро маъюбону нафақахӯрон гуворо буд, боғу чаман ва кӯчаю барзан, симои имрӯзаи шаҳри дӯстдоштаашон онҳоро ба ваҷд овард.

Воқеан,  шаҳри Душанбе на танҳо бо сокинони кишварамон, балки ба меҳмонони хориҷӣ низ торафт бештар писанд меояд. Ин шаҳр ҳамчун маркази маъмурии кишвар дорои таърихи қадима, захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гардидааст ва ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ,  таҳкиму тақвият бахшидани  нуфузи кишвар   нақши бузург дорад.

Ёдовар мешавем, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, чанд рӯз қабл рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанберо ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил  намуд.

Апрель 19, 2018 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад