Айнӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати фарҳангпарвар муаррифӣ намудааст

Апрель 13, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 13.04.2018/.АМИТ «Ховар»/. Сардафтари адабиёти муосири тоҷик,  нависандаи барҷаста Садриддин Айнӣ дар барқарорӣ ва ташаккули адабиёти садаи ХХ-и тоҷик нақши бориз гузошта, бо мероси бойи адабиаш халқи тоҷикро ба оламиён ҳамчун миллати дорои забон ва таърихи  бостон ва фарҳангпарвар муаррифӣ намудааст.  Чунин зикр шуд дар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Мероси Садриддин  Айнӣ дар шароити имрӯзаи филология», ки  ба ифтихори 140-солагии нависандаи маъруфи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз рафти конфронси мазкур иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, олимону муҳаққиқон, Айнишиносон ва доираҳои адабӣ ширкат намуданд.

 

Хусрав Шамбезода, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба илму инноватсия дар ҳамоиш доир ба нақши Устод Айнӣ дар  рушди илму адабиёти тоҷик сухан карда, зикр намуд, ки дар асарҳои Устод Айнӣ —  «Таърихи инқилоби Бухоро», «Ҷалодони Бухоро», «Ятим», «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр» «Одина, «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо»  зиндагию таърихи пурпечутоби  халқи тоҷик ва муборизаҳои озодихоҳонаи онҳо дар роҳи расидан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, таърих, илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ таҷассум ёфтаанд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон донишмандону айнишиносон  доир ба паҳлӯҳои гуногуни мероси адабии нависандаи шинохта Садриддин Айнӣ дар ташаккули хуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ,  забон, адабиёт, илму фарҳанг, аҳамияти ҷаҳониии осори Айнӣ,    хусусиятҳои хоси асарҳои Айнӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва эҷодиёти Садридин Айнӣ  суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Садриддин Айнӣ бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954) буда,  осори гаронбаҳои нависанда ба забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.  Дар самти омӯзиши   мероси бойи адабии  Садриддин Айнӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он корҳои  зиёди илмӣ ва пажӯҳишҳо анҷом дода шудаанд.

Боиси  ифтихор ва сарфарозист, ки соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Устод Садриддин Айнӣ унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

 

 

Апрель 13, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд