Ҳалли мушкилоти нақлиёти ҳавоӣ: ҳайати Тоҷикистон ба Москва сафар кард
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ барои иштирок дар гуфтушунид ҳайати корӣ аз Тоҷикистон ба Москва сафар намуд.
Тавре сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ба ҳайат намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон – Эйр» ва «Тоҷик — Эйр» шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки 30 март аз ҷониби Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия ба ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барқия омад, ки тибқи он аз шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Екатеринбург — Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе — Қазон — Душанбе, Душанбе — Краснодар-Душанбе, Душанбе – Красноярск — Душанбе, Душанбе — Санкт-Петербург — Душанбе, Душанбе – Сочи — Душанбе, Хуҷанд — Қазон — Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ карда шуд.
Ҳамчунин муҳлати иҷозатномаи парвоз дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд аз 5 апрел ба охир мерасад.
«РИА Новости» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия хабар додааст, ки имрӯз, 4 апрел дар шаҳри Москва ҷиҳати ҳалли мушкилоти нақлиёти ҳавоӣ миёни ҳайатҳои расмии Россия ва Тоҷикистон гуфтушунид баргузор мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






