ҲАМА МЕРАҚСАНД! 29 апрел-Рӯзи байналмилалии рақс

Апрель 29, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 29.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар тамоми ҷаҳон  чун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО  ҷашн гирифта  мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз мутаҳидсозии ҳама гуна навъҳои санъати рақсӣ ва ба ҳам овардани ҳама мардуми сайёра зери як ливо, ба хотири пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон ва ба онҳо додани имкони сухан кардан бо як забон — бо забони рақс мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақсии тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо намояндагони ин ҳунари воло суҳбат анҷом дод.

Ба андешаи муаллимаи калони кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ҷамила Абдуллоева, рақс роҳеро шабоҳат дорад бо пайроҳаҳои  пурпечутоб ва на ҳар кас метавонад онро тай намояд.     Қуллаест касногузар, ки ҳар кас наметавонад онро фатҳ созад ва чун баҳрест пурхурӯшу пурталотум, ки ҳар кас наметавонад ба соҳили мурод бирасад. Ниҳоят рақс як фалсафаи зиндагист пур аз розу хирад ва андешаҳо. Дунёи рақс пуробуранг ва хеле зебост. Ва нафаре дар ин ҷода муваффақ мегарданд, ки имкони парвози баланд ва тахайюлоти ақливу зеҳнӣ дошта, масъулиятшиносу мушкилнописанд ва фидоии касби хеш бошнад.

Ҷамила Абдуллоева чунин мешуморад, ки эҷодкори рақс ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯ бошад ва ҳаргиз аз мушкилӣ наҳаросида аз паси амалисозии нақшаҳои дар пеш гузоштаи худ гардад. «Замоне ки ҳунарманд аз паси эҷод аст ӯ аз шукуфтани гулу дамидани сабза, ларзиши барги дарахтон, резиши барфу борон, вазиши боду накҳати гул, рақси кабӯтарону хиромидани кабкони дарӣ ва амсоли инҳо маъно хоҳад ҷӯст, то он ҳамаро бо мазмуну ҳаракатҳои мавзуну назаррабо дар рақс ҷой дода тавонад. Ҳунарманд дар рақсҳояш зебоиҳои ҳаёт, меҳнату зиндагии осудаи одамон, муҳаббати поку беолоиш, бахту саодати мардумро бо ҳаракати мавзуну ҷозибаю таровати рақс ифода менамояд»,- зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1975 таҳти роҳбарии ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Азиза Азимова таъсис ёфт. Аз он рӯз то инҷониб кафедраи мазкур шогирдони мумтоз ва устодони бузурги рақсро тарбия карда, ба саҳнаи ҳунар баровардааст. Аз ҷумла, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Файзулло Каримов, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдурасулов, Сафрон Ёдгорова, Амонулло Мусоев, Наргис Ҳасанова ва бисёре аз дигарон.

Ба гуфтаи мудири кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Музаффар Искандаров, имрӯзҳо шогирдони ин кафедра дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, вазифаи пурмасъулияти дар наздашон гузошташударо ба хубӣ иҷро менамоянд. «Шогирдони мо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ роҳбарии барномаҳои ҳунариро бар дӯш доранд ва бо сарбаландӣ аз уҳдаи кор мебароянд. Имрӯз дар кафедра устодони варзида ба шогирдон дарси ҳунар меомӯзанд, аз ҷумла Казакова Зимфира, Захарова Надежда, Ҷамила Абдуллоева, ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Файзалиева, Латофат Юсупова ва дигарон. Шумораи зиёди шогирдони мо дар ансамблҳои «Ҷаҳоноро», «Парасту», «Гулрез» ва Лола» ҳунари рақсии худро сайқал медиҳанд»,- гуфт М. Искандаров.

… Ибораи «Ҳама мерақсанд!» ба  мо аз филми машҳури мазҳакавии замони шӯравӣ «Иван Васильевич касбашро иваз мекунад» маълум аст. Ҳамаи инсонҳо бо рақс як қаробат ва дилбастагие доранд.

Музаффар Искандаров изҳор дошт, ки миёни донишҷӯёни кафедра шумораи писарон низ зиёд аст, ки дар замири онҳо шавқи баланди рақсӣ эҳсос карда мешавад. «Бояд бигӯям, ки дар замири ҳар як ҷавон шавқу эҳсоси баланди санъати рақсӣ дида мешавад. Зеро худи мардуми тоҷик чӣ гунае, ки яке аз устодони бузурги рақси касбии дунё Касян Гализовский гуфтааст: «Тоҷикон гаҳвораи рақсанд дар Осиёи миёна», — ёдовар шуд ӯ ва афзуд. — Бинобар ин аз миёни мардуми мо ҳамеша ҳунармандони хуб пайдо мешаванд ва умуман барои мардуми мо рақс кардан душвор нест, зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадима, санъати бой буда, санъати рақсии халқи тоҷик  конест, ки ҳамеша дар ҳоли рушду инкишоф аст ва ин кон ганҷест тамомнашуданӣ».

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «ХОВАР»

Апрель 29, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст