АРТИШ-МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ дар Ёвон зиёда аз 40 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд
ЁВОН, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллии мамлакат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар-Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.
Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Ин нуктаро раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур дар маросими сафарбарнамоии наваскарон, ки дар Комиссариати ҳарбии ноҳия баргузор шуд, иброз намуд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Дар ин рӯз 40 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёран дар шоҳидии ҷавонону наврасон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Роҳбарияти ноҳия волидони ҷавонони ватандӯстро барои тарбияи дурусти фарзандон ва саҳми онҳо дар ҳифзи Ватану давлати Тоҷикистон бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ карданд.
Ҳамчунин ҳунармандони ноҳия барои болидахотирии наваскарону падару модарон барномаи консертии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






