Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ тавсеа мебахшанд

Апрель 19, 2018 10:08

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрели соли равон ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ таҳти роҳбарии муовини Директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА   Ҷиҳад Алвазир дар Дафтари асосии Хазинаи мазкур воқеъ дар шаҳри Вашингтони ИМА мулоқоти корӣ доир намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳайати Бонки миллии Тоҷикистонро Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва ҳайати ХБА-ро роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал ва як зумра намояндагони сохторҳои ХБА ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ба ҷониби ХБА дар бораи масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда маълумот дод.

Аз ҷумла, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд,  ки дар натиҷаи андешидани як зумра тадбирҳо бо истифода аз фишангҳои муосири иқтисодӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуд.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҷиҳад Алвазирро ба татбиқи барномаҳои якҷояи Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин мусоидат ба кумакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ, аз ҷумла, бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ҷалб намуд.

Муовини Директори Департаменти бозорҳои пулӣ ва сармояи ХБА  Ҷиҳад Алвазир дар   навбати худ зикр намуд, ки ХБА омода аст дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод намояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 

 

 

Апрель 19, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад