БОЗ ДАР БОРАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КЕМЕРОВО. Раиси Кумитаи тафтишотии Россия зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимовро бо медали ҷангӣ қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрикин 31 март зимни боздид аз Кемерово зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишотии Россия хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, А. Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти фавқулода худро гум накарданд ва ҳаёташонро зери хатар гузошта, қаҳрамонии воқеӣ нишон доданд, алоҳида мулоқот намудааст.
«Корманди мағозаи пойафзолфурӯшӣ Фарзон Салимов ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба наҷот додани одамон аз бинои оташгирифта кумак расонд»,- гуфта мешавад дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Россия.
А. Бастрикин зимни супоридани мукофотҳо ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки «ин медалҳо – медалҳои ҷангӣ мебошанд ва шахсоне бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд, ки шуҷоати воқеӣ нишон додаанд».
Раиси Кумитаи тафтишотии Россия ҳамчунин зикр намуд, ки дар мулоқот бо пайвандону наздикони қурбониён ваъда додааст, ки барои пайдо намудани ҳақиқату адолат ва ҷазо додани гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Фарзон Салимов зодаи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, кайҳо боз дар Кемерово кору зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 2003 баъди хатми мактаб ба Россия рафтааст. Фарзон шаҳрванди Россия буда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Кемерово зиндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Кемерово 64 нафар, аз ҷумла, 41 кӯдак қурбони сӯхтор гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






