Дар Душанбе консерти Ирина Лой баргузор гардид

Апрель 26, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрели соли 2018  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти хосаи лауреати озмунҳои байналмилалӣ, солисткаи операи Театри калони давлатии академии Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи консертӣ инчунин Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов ва солисти опера Манучеҳр Раҳмонов иштирок карданд.

Дар барномаи консертӣ арияҳо аз операҳои «Ромео ва Ҷулйета», «Травиата», «Аида», «Тоска», «Русалка», «Дон Карлос», «Трубадур» ва дигарон иҷро шуданд.

Роҳбари бадеии барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, саркоргардон Сайфулло Усмонов, сархормейстер Елена Тиллоева ва сарбалетмейстер Мария Левитская буданд.

Апрель 26, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад