Дар Душанбе тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ гардид

Апрель 24, 2018 16:41

ДУШАНБЕ, 24.04.2018/АМИТ «Ховар»/. «Мақомоти гумрук бояд ба ҳамкории иқтисодии  минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои  рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидати фаъол дошта бошанд». Чунин зикр намуд муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни ифтитоҳи ҷаласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории гумрукии  давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории гумрукии давлатҳои аъзои СҲШ намояндагони мақомоти салоҳиятдор — хадамотҳои гумруки давлатҳои аъзои СҲШ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Чин, Покистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ  дар соҳаи  назорати гумрукӣ,  муқаррарот оид ба вазъи тасдиқи лоиҳаи махсуси Гурӯҳи кории оид ба ҳамкории гумрукии давлатҳои  аъзои СҲШ, омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои имзо дар вохӯрии нахустини роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ, табодули иттилоот байни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин  ҷараёни татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни хадамотҳои гумруки давлатҳои аъзои СҲШ доир ба ҳамкорӣ дар бахши ҳифзи моликияти зеҳнӣ, таъсиси низоми  ягонаи транзитӣ дар фазои СҲШ ва дурнамои тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҷаласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории гумрукии давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе дар Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ рост меояд, аз ин рӯ иштирокдорони ҷаласа аз маконҳои фарҳангию фароғатӣ, таърихӣ ва мавзеъҳои диданибоби Тоҷикистон, назири «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва дараи Варзоб боздид менамоянд.

Созмони Ҳамкории Шанхай соли  2001 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Пекини Чин мебошад. Алҳол ба СҲШ ҳашт давлат — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Чин, Покистон ва Ҳиндустон шомил мебошанд.

Апрель 24, 2018 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд