Дар Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ василаи муҳим дар рушди туризми минтақавӣ ва таҳкими пайвандҳо миёни мардумони минтақа маънидод гардид

Апрель 17, 2018 18:48

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид. Дар кори он, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов доир гашт, ҳайатҳои давлатҳои аъзои ин Созмон бо роҳбарии муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҳмуд Маммад Гулиев, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Акилбек Камалдинов, раиси Шӯрои банақшагирии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмед Йилдиз, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидов ва Дабири кули СҲИ Иброҳим Халил Акча ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон қироат намуд.

Дар паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ таъкид карда, амалисозии лоиҳаҳои муштаракро дар раванди ҳамгироии бештари минтақа ва некӯаҳволии мардуми он муҳим арзёбӣ намуданд.

Пеш аз иҷлосияи Шӯрои вазирон 16 апрел мулоқоти кормандони аршади давлатҳои аъзои СҲИ баргузор шуд. Коршиносон мавзӯъҳои Рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ карда, онро ба нишасти вазирон пешниҳод намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲИ зимни суханронӣ бандҳои Рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ карда, оид ба мавзӯъҳои он: гузориши Дабири кули СҲИ, раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд, муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ, фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади «Диди СҲИ 2025» бармеоянд, тавсияҳо барои ислоҳоти Котиботи СҲИ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқии СҲИ, қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон, қабули ҳуҷҷати ниҳоии Иҷлосия — Эъломияи Душанбе, инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ ва сайёҳиро афзалиятнок арзёбӣ намуда, давлатҳои аъзоро ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ даъват кард. Ӯ изҳор дошт, ки бо назардошти он, ки соҳаҳои асосии ҳамкории дар «Диди СҲИ 2025» муайянгардида ба ҳадафҳову вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030» ҳамсон мебошанд, роҳандозии тадбиру чораҳои муштарак баҳри расидан ба ҳадафҳои барномаҳои мазкур ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ василаи муҳим дар рушди туризми минтақавӣ ва таҳкими пайвандҳо миёни мардумони минтақа маънидод гардид.

Зимни иҷлосия ҳамчунин Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон қабул гардид. Таъкид шуд, ки ҳамкории минтақавӣ дар истиқрори сулҳу субот, инчунин фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон муҳим мебошад.

Дар интиҳои иҷлосия санади ниҳоӣ — Эъломияи Душанбе қабул шуд, ки дар он ба зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки аз барномаи «Диди СҲИ 2025» бармеоянд, таъкид гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар ростои иқдоми наҷиби Пешвои миллат — эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи иҷлосияи мазкур зуҳри имрӯз дар маркази фарҳангию фароғатии «Боғи Ирам» Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии давлатҳои СҲИ баргузор шуд.

 

Апрель 17, 2018 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд