Дар КМТ конфронси илмию амалии «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» доир шуд

Апрель 13, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузори конфронси мазкур хабар дод, дар кори он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, адабиётшиноси тоҷик Сайфиддин Назарзода ва дигар намояндагони аҳли илму адаб, фарҳанг, устодони донишкадаву донишгоҳҳо иштирок намуда, андешаҳои илман асосноки хешро оид ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ бо мисолҳои воқеӣ иброз доштанд.

Гавҳар Шарофзода ҳадафи асосии баргузории конфроси мазкурро арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ унвон карда, зикр намуд, ки «мақолаҳо ва суханрониҳои пуртаъсири ин олими барҷаста — маорифпарвари тоҷик аз минбарҳои матбуот, конфронсу анҷуманҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ оид ба ҳифзи забони адабии тоҷик, таълифу нашри нахустин китобҳои дарсӣ, адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, рӯзноманигорӣ, фарҳангнигорӣ, имлоиву иншо, нақши боризи устод дар навсозӣ ва рушду такомули забони миллӣ, тарбияи адибони ҷавон таҷассумгари фаъолияти пурсамару ибратбахши ӯ маҳсуб меёбанд».

Таъкид гардид, ки устод Садриддин Айнӣ на танҳо нисбат ба фаъолияти эҷодии худ, балки ба нависандагону мутарҷимони замони худ серталабу сахтгир буд ва услуби нигоришу таҷрибаи андӯхтаи ӯ чун дастури раҳнамо ба аҳли қалам ва умуман, ба ҳар фарди ҷомеа хизмат хоҳанд кард. Хидматҳои беамсоли ин шоиру олими забардаст, арбоби барҷастаи сиёсиву ходими ҷамъиятӣ дар бедории тафаккури ҷомеа, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаҳои боэътимод гузоштаанд.

Дар идомаи конфронс зикр шуд, ки таҷлили 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсияти нотакрори илму маърифат, фарҳангу маориф, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, бори дигар барои муаррифии чеҳраи беназири илмию адабӣ, фарҳангӣ ва корномаи ҷовидонаи устод Садриддин Айнӣ дар даврони мо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

 

 

Апрель 13, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид