Дар Пекин маросими оғози аввалин барномаи маркази матбуотии СҲШ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин маросими оғози аввалин барномаи маркази матбуотии СҲШ дар назди Маркази байналмилалии матбуотии Чин дар китобхонаи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар Заробиддини ШИРИН, ки дар ин маросим иштирок дорад, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маросим намояндагони СҲШ, ВКХ ҶМЧ, сафоратҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар Чин ва журналистон иштирок намуданд.
Барнома аз сафари семоҳаи саёҳати матбуотӣ (пресс-тур), ки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатиро фаро мегирад, иборат буда, барои таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ бо мақсади такони нав бахшидан дар ҳамкорӣ миёни ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ ташкил шудааст.
Муовини раиси Ассотсиатсияи дипломатияи оммавии Чин Гонг Ҷянчжу зикр намуд, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдао саммити навбатии СҲШ бо иштироки сарони давлатҳо доир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии СҲШ таҳкими эътимоди мутақобила ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахши онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра, таъмини муштараки сулҳу субот ва амният дар минтақа, пешравии демократӣ, оқилона ва ҳадафмандона дар низоми сиёсию иқтисодии байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин барнома 13 нафар журналистон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус иштирок доранд.













Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






