Дар шаҳри Братислава машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Словакия доир гардиданд

Апрель 23, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрели соли равон дар шаҳри Братислава миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҷониби Словакияро Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Аврупо Лукаш Паризек роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои умдаи равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо оид ба тавсеаи заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва танзими боздидҳои мутақобилаи ҳайатҳои соҳибкорон мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид изҳори омодагӣ намуданд. Зарурати андешидани тадбирҳои муштарак дар раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Музаффар Ҳусейнзода аз ҳамтои словакии худ ҷиҳати ширкати фаъол дар чорабиниҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимшаванда, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (Душанбе, 20-22 июни соли 2018) даъват ба амал овард.

Апрель 23, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид