Дар Тоҷикистон Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, рӯзномаи Иҷлосия мавзӯъҳои раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд; муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ; ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ; фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ; пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади «Диди СҲИ 2025», бармеоянд; қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон; инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмонро дарбар мегирад.
Пеш аз Иҷлосияи Шӯрои Вазирон 16 апрел мулоқоти кормандони аршади кишварҳои аъзо баргузор мегардад.
Ҳамчунин, дар ростои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи Иҷлосияи мазкур 16-17 апрели соли 2018 дар «Боғи Ирам» Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор хоҳад шуд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






