Дастгирии навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ
ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, тибқи қарори мазкур номгӯи иншооти сайёҳӣ муайян гардида, воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд:
— меҳмонхонаҳо, аз ҷумла, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел);
— осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо;
— марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ);
— нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел);
— боғҳои фарҳангию фароғатӣ;
— мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ);
— инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ;
— тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ;
— марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;
— пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон;
— маҷмааи сайёҳию лижаронӣ;
— марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ.
Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи босамари имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида буд, амалӣ карда шуд.
Ҳамзамон имтиёзҳои зикршуда дастгирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






