ДЗЮДО: варзишгарони ҷавони тоҷик дар Тошканд соҳиби 5 медали Ҷоми кушоди Осиё гардиданд!
ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат, аз ҷумла аз Тоҷикистон 37 варзишгар (36 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон) иштирок намуданд. Паҳлавонони ҷавони тоҷик Қувватов Муҳаммадризо дар вазни -60 кг медали тилло, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни -55 кг миёни писарон медали нуқра, Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, ки 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, паҳлавонони навраси тоҷик иштирок намуда, соҳиби се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.
Ҳоло варзишгарони тоҷик ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионати мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






