«Эҳё» дар Рӯшон ҳунарҳои мардумиро эҳё мекунад

Апрель 2, 2018 16:20

РӮШОН, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси сокини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон Давлатназар Лайлиев гурӯҳи ташаббускор таҳти унвони «Эҳё» дар ҳайати шаш нафар таъсис дода шуд, ки ба сохтану тарғиби асбобҳои рӯзгор ва созҳои мусиқии қадимии аз чӯб сохташуда машғул мебошанд.

Тавре хабарнигори  рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Мамадалӣ Бахтиёров ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  усто  Давлатназар чун муҳандиси роҳсози идораи сохтмону таъмири роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯшон кор мекарду дар вақтҳои фориғ аз кор ба касби бобоӣ-чӯбтарошӣ таваҷҷуҳ дошт. Соли гузашта  ба нафақа баромад ва тамоми саъю неруяшро ба ривоҷи ин ҳунари мардумӣ бахшид.

Бо маҳсули дасташ дар намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияву вилоят пайваста ширкат меварзад. Соли гузашта дар боғи ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри бостонии Хуҷанд рубоб, сетор, ғижжак, тамбур, дутор, най, қошуқҳои чӯбин, табақ ва армуғонҳои сохтааш ба намоиш гузошта шуда,  писанди сокинони ин шаҳри бостонӣ гардиданд. Бисёре аз маҳсулоти тайёркардаашро сокинони вилояти Суғду меҳмонони шаҳр хариданд.

Усто Давлатназар алҳол аз эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ хеле хушҳол буда, дар равнақу ривоҷи ҳунари худ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ҳамзамон дар тарбияи насли наврас низ саҳми арзанда гузошта, бо ташаббуси Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон дар курси семоҳаи  омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба тарбияи  ҷавонони ноҳия машғул шуда, ҳунарҳои мардумиро ба насли ҷавон меомӯзад.

Апрель 2, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад