Халил Иброҳим Акча: «Истифодаи иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бар нафъи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим аст»

Апрель 16, 2018 18:40

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акча ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Баъди мулоқот бо Пешвои миллат Дабири кулли СҲИ Халил Иброҳим Акча дар назди хабарнигорон иброз намуд, ки зимни вохӯрӣ  дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ дар доираи СҲИ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, энергетика, энергияи электрикӣ, иқтисодиёт, сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни аҳамияти минтақавидоштаро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Халил Иброҳим Акча аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки маҳз дар ин сол дар Тоҷикистон баргузории як зумра чорабиниҳои сатҳи баландро ба нақша гирифтаанд. «Истифодаи иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бар нафъи давлатҳои аъзои ин Созмон бисёр муҳим аст», — изҳор дошт Халил Иброҳим Акча.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳузури рӯзноманигорон аз ҳамкорӣ ва кумакҳои ҳамаҷонибаи мардуми Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллати тоҷикон изҳори миннатдорӣ кард.

Салоҳиддин Раббонӣ иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, ва нақлиётӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистон, муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Апрель 16, 2018 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид