Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Истаравшан дар конфронси “Рушди сайёҳӣ-омили пешрафти иқтисоди миллӣ” муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ-омили пешрафти иқтисоди миллӣ” баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ин чорабинӣ роҳбарияти Кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони соҳа иштирок доштанд. Мақсад аз баргузории конфронси мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Истаравшан, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Зимни суханронии худ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода зикр намуд, ки дар натиҷаи сиёсати пайгиронаву созандаи Пешвои миллат сол аз сол ташрифи сайёҳон ба мамлакат афзоиш ёфта, Кумита баҳри муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру ва имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Инчунин вобаста ба имкониятҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ин минтақа иштирокдорон андешаронӣ карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии Ҳукумати кишвар сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афазалиятноки иқтисодӣ барои давлат рушду нумуъ мекунад ва эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз тадбирҳои саривақтӣ дар ин самт мебошад.
Қобили зикр аст, ки шаҳри Истаравшан барои рушди сайёҳии фарҳангию таърихӣ мувофиқ мебошад. Ёдгориҳои таърихии минтақа аз ҷумла, Масҷиди Рустамбек, Оромгоҳи Абдулқодири Ҷелонӣ, Масҷиди Мавлонно Усмони Чархӣ, Мақбараи Худоёри Балъамӣ, шаҳраки Нуртеппа ва Теппаи Муғ мавзеъҳои ҷолиби диққат барои сайёҳон маҳсуб меёбанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






