Имрӯз дар Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ оғоз гардид

Апрель 17, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ (ECO)) Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин Созмон оғоз гардид.

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷиро намояндаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ифтитоҳ намуда, раёсати Созмони Ҳамкории Иқтисодиро ба Тоҷикистон вогузор намуд. Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирокдорон қироат намуд. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча дар навбати худ ба Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ миннатдории самимии худро баён кард.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзномаи Иҷлосия мавзӯъҳои раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд, муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ, фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ, пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади «Диди СҲИ 2025», бармеоянд, қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон, инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмонро дарбар мегирад.

Дар кори Иҷлосия вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Афғонистон, Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.

Имрӯз дар доираи Иҷлосияи мазкур  дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор мегардад.

Апрель 17, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид