ИМРӮЗ ИНТИҚОЛИ БАРҚ АЗ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ! Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид

Апрель 2, 2018 17:47

ДУШАНБЕ, 02.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт! Дар ин бора ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИД ва Бек РАҲМОНӢ дар ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон сурат гирифт, дар қатори дигар созишномаҳо, инчунин шартнома  бобати мубодилаи байниҳамдигарии неруи барқ ба имзо расид.

Энергетикҳои тоҷик ва ӯзбек мубодилаи барқро байни ҳамдигар бобати кори муназзами ниҳодҳои энергетикии ҳарду кишвар хеле манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

Боварӣ дорем, ки мубодилаи барқ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ба беҳтар гардидани таъминот бо барқ мусоидат намуда, он аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатбахш мебошад.

 

Апрель 2, 2018 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд