Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт

Апрель 9, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон дар шаҳри Ал-Қувайт Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт мулоқот анҷом дод.

Тавре аз маркази иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот сарварони ду ҷамъияти башардӯст масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории тарафайн дар соҳаи фаъолияти башардӯстӣ, хайриявию эҳсонкорӣ ва кумаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувейт ба ниёзмандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён ба Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт якчанд лоиҳа оид ба солимии ҷомеа, кумаки хайриявӣ ба табақаҳои ниёзмандтарини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, об ва беҳдошт, аз ҷумла, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ дар якчанд минтақаҳое, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, рушди фаъолияти ҷавонон ва амсоли инҳоро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт барои баррасии минбаъда ба шуъбаҳои дахлдори он пазируфта шуданд.

Дар интиҳои мулоқот байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Апрель 9, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид