Иштироки Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Пекин ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласаи мазкур С.Аслов роҷеъ ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои калидии хамкориҳо дар ҳошияи СҲШ ва дурнамои тақвият бахшидани онҳо, инчунин вобаста ба мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори назар намуд.
Дар ҳошияи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки қарор аст 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Тсиндаои Чин доир гардад, роҳбарони ҳайатҳо як зумра мавзӯъҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро оид ба фаъолияти СШҲ баррасӣ намуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокдорони ҷаласа ба Чин ҳамчун раисикунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай, бахусус корҳои басомонрасондаи ин ҷониб дар ҷодаи омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ 9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Тсиндао, баҳои баланд доданд. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои нишасти мазкур дар таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ, амнияту субот, ҳамсоядорӣ, дӯстӣ, муттаҳидӣ, фароҳам овардани ҳусни боварӣ ва эътимод миёни давлатҳои аъзои ин Созмон мусоидат хоҳад кард.
Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси муносибатҳои анъанавии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад, доир гардид.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






