Кумитаи рушди сайёҳӣ маҳсули ҳунари заргаронро дар Боғи «Ирам» ба намоиш мегузорад

Апрель 20, 2018 12:21

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи мамлакат Рустами Эмомалӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ 21 апрели соли 2018 дар Боғи «Ирам» маҳсули ҳунари заргарони кишварро таҳти унвони «Рӯзи заргарон» пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ мегардонад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, чорабинии мазкур ба Рӯзи пойтахт бахшида шуда, Кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар доири Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чунин намоишҳоро, аз қабили  «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи чармгарон», «Рӯзи чӯбтарошон», «Рӯзи косибон», «Рӯзи чакандӯзон» ва «Рӯзи атласбофон» баргузор намояд.

Ташкил ва баргузории чорабиниҳои мазкур дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши бузург дорад.

 

 

Апрель 20, 2018 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад