«Масъалаҳои муосири истифодаи самараноки замин дар рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба номусоидии иқлим»-конференсияи илмӣ дар Данғара

Апрель 2, 2018 16:01

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои муосири истифодаи самараноки замин дар рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба номусоидии иқлим»-таҳти ин унвон  рӯзҳои 30-31 марти соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи илмию амалӣ  баргузор гардид.

Сарходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамоиш бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Данғара ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара гузаронида шуда, дар кори он беш аз 100 нафар олимон, мутахассисон, донишҷӯён ва деҳқонон ширкат варзиданд.

«Конференсия моҳияти муҳими илмию амалӣ дошта, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи растанипарварӣ ва боғу токпарварӣ, баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим нигоронида шуда буд»,-зикр кард манбаъ.

Ба иттилои Қурбоналӣ Партоев, олимони бахшҳои иқлимшиносӣ, соҳаи растанипарварӣ, боғдорӣ, ҳимояи наботот ва дигар самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон як зумра пешниҳодҳои муфид намуданд.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар асоси иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ тайи солҳои 2012-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додани харитаи агротехнологии парвариши зироат вобаста ба минтақаҳои гуногуни кишвар бо назардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои он тарҳрезӣ карда шуда, ҳар як минтақаи агроиқлимии кишвар бояд ба парвариши зироати асосии дорои аҳамияти озуқаворӣ ва стратегӣ вобаста гардонида шуда, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироат бо мақсади гирифтани ҳосили дилхоҳ тарҳрезӣ гарданд.

Нақшаи парвариш ва истеҳсоли зироати асосии озуқаворӣ ва саноатӣ, аз қабили гандум, картошка, пахта, сабзавот ва меваҷот бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва танзим намудани тағйирёбии нархи маҳсулоти кишоварзӣ тарҳрезӣ карда шавад.

Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ ривоҷ додани корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироати асосӣ вобаста ба минтақаҳо ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати навъҳои серҳосили ватанӣ зарурат дорад. Дар ин самт ҳамкориро бо муассисаҳои пуриқтидори селексионӣ ва тухмипарварии мамлакатҳои пешрафтаи олам ривоҷ дода, тухмии навъҳои беҳтаринро ворид намуда, зиёд кардани онҳо дар хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Барои пешгирии паҳншавии касалию зараррасонҳо фаъолияти сохторҳои вобаста ба ҳимояи растаниҳо ва карантин дар ҷумҳурӣ ва хадамоти минтақавию ноҳиявӣ ба таври зарурӣ ташкил ва ҳамчун сохтори давлатӣ барои таҳти назорати доимӣ қарор додани соҳаи ҳимояи растаниҳоро бо ҷалби сармоягузориҳо пурзӯр намудан зарур аст.

Дар кори конференсия таклиф гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолати таназзули (эрозияи) заминҳои кишоварзӣ дар натиҷаи шӯршавӣ ва баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ фаъолияти сохтори доимии давлатиро дар ҳамаи зинаҳо ба роҳ мондан зарур аст.

Иштирокчиёни конференсия инчунин таклиф ба миён оварданд, ки дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии парвариши зироат дар минтақаҳое, ки шароити хоку иқлимашон ба минтақаҳои ҷумҳурии мо наздиканд, инчунин таҷрибаи пешқадами деҳқонони ботаҷрибаи кишварамон доир ба парвариши самараноки зироати гуногуни кишоварзӣ пешкаши деҳқонон намуда, заминаҳои моддию техникӣ баҳри татбиқи онҳо ба таври босамар муҳайё гардонида шаванд.

Сипас, иштирокдорони конференсия бо таҷрибаи инноватсионии парвариши картошка дар зери парда (пленка) дар майдони 1 га дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло», ки бо тавсияи олимони Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шудааст, шинос шуданд ва ба онҳо хеле  писанд омад. Соли гузашта деҳқонони асили ин хоҷагии деҳқонӣ бо чунин усул дар майдони ним га картошка шинонида буданд ва ҳосилнокии картошка нисбат ба тарзи мақбулӣ (бе парда) 50 фисад зиёд буд.

Номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Данғара Бахтиёр Расулов изҳор намуд, ки бо усули парвариш намудани картошка дар зери парда эрозияи хок пешгирӣ гашта, сарфҳои зиёдатӣ баҳри аз байн бурдани алафҳои бегона, сӯзишворӣ ва об хеле кам мегарданд. Месазад, ки ин таҷрибаи нодири парвариши картошка дар оянда дар дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ паҳн гардад.

Апрель 2, 2018 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд