Миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҷалби қувваи корӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 18, 2018 17:46

ДУШАНБЕ, 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Абу Заби байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб  Ёддошти  тафоҳум  оид ба ҷалби  қувваи корӣ ба имзо расид. Ин санадро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб Носир бин Сонӣ ал Ҳамелӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре гуфта мешавад, Сумангул Тағойзода зимни сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб инчунин бо намояндагони ширкатҳои бо кортаъминкунандаи Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрӣ намуда, имкониятҳои  кории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ  намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи ҳамкорӣ доир ба ҷалби қувваи корӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зимни  сафари расмии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб  моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Абу Забӣ ва зимни ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки моҳи апрели соли 2016  дар Душанбе доир гардида буд, баррасӣ шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, шаҳрвандони Ҷумуҳурии Тоҷикистон метавонанд дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонунгузории Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба меҳнат, аз ҷониби Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб тасдиқ гардидааст, кору фаъолият намоянд.

 

 

Апрель 18, 2018 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид