Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масоили татбиқи созишҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи марти соли равон дар Остона бадастомада муҳокима шуданд.
Ҳамчунин масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Дар ин росто, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар самти густариши робитаҳои тиҷоратӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳои консептуалии иқтисодиёт, ба монанди нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ зикр карда шуд.
Ҷонибҳо азми худро ҷиҳати минбаъд ҳам ба харҷ додани тамоми кӯшишҳо баҳри тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба манфиати халқҳои ду кишвар ва тамоми минтақа таъкид намуданд.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои мулоқоти баргузоргардида омили муҳими таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мегарданд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






