НАШРИ КИТОБ БАРОИ КӮДАКОН ЧӢ МУШКИЛ ДОРАД? Имрӯз — Рӯзи байналмилалии китоб барои кӯдакон

Апрель 2, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 2.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ    2 апрелро чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон ҷашн мегирад. Ҷашни мазкур ба   рӯзи  таваллуди Ҳанс Кристиан Андерсен, драманависи  даниягӣ рабт мегирад.  Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн ё Рӯзи байналмилалии китоб барои  кӯдакон соли 1967 аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (IBBY) таъсис дода шудааст.Дар ин рӯз дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои мухталифе роҳандозӣ карда мешаванд, ки яке аз онҳо намоиши китоб ба шумор меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои бузурги маърифатии мамлакат маҳсуб меёбад, субҳи имрӯз ба ин муносибат иқдоми “дарҳои боз” роҳандозӣ намуд.  Дар ин рӯз дари ҳамаи шуъбаҳои китобхона ба рӯи онҳое, ки бори нахуст меҳмони он шуданд, боз буда, масъулину мутахассисон меҳмононро роҳнамоӣ намуданд ва роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёту дархости китобро нишон доданд. Ҳамчунин барои ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир мекунанд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуда, онҳоро бо китобдорӣ, китобхонӣ ва сайри таърихии он шинос намуданд. Дар робита ба ин рӯз андешаи чанде аз коршиносонро пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ “Ховар” месозем. 

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо хеле муфид буда, ба ин восита метавонем китоби кӯдакону наврасонро  ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли равон  масъалаи ҷалби хонандагон ба китобу китобхониро таъкид намуда, аҳли зиёро вазифадор карданд, ки ҳарчи бештар китобҳоеро омода ва таҳия созанд, ки эҳтиёҷоти маънавии кӯдакону наврасонро бароварда созанд»,-иброз дошт Гадобек Маҳмудов.

Ба андешаи Г. Маҳмудов, дар шароити имрӯза адибони бачагона кӯшиш доранд, ки эҳтиёҷоти кӯдакону наврасонро қонеъ гардонанд, вале ин ҳам кофӣ нест. Ба андешаи мавсуф, осори кӯдаконае, ки имрӯз ба нашр мерасанд, аз нигоҳи сифату ороиш ва ҳатто мазмун нисбат ба чанд соли пеш хуб аст, вале бо ин теъдоду номгӯй сафи хонандагонро зиёд кардан душвор аст.  Ба ин хотир дар назди шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин масъала бояд ҷиддӣ таҳқиқ карда шавад. Адибони кӯдакон бояд  тамоми қувваи худро ба ин масъала равона намоянд, зеро рӯз аз рӯз теъдоду таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхона бештар мешавад ва дар ин росто ниёзи хонандагон ба осори тозаэҷоду пурмуҳтаво  меафзояд.Дар робита ба ин мавзӯъ  сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ зикр намуд, ки агар ба нашри адабиёти кӯдакона назар кунем, мебинем ки нашриётҳои мо дар интишори адабиёти кӯдакона фаъоланд, вале дар ин росто масъалаи гаронии нархи адабиёт чизи дигар аст.  «Бубинед, ки нашриёти кӯдакона ҳамасола теъдоди китобҳои зиёдро интишор мекунад. Муҳим он аст, ки онҳо ба кӯдакон таъсири хуб доранд. Вале  он китобҳое, ки бо сифати хубу ҳаҷми бузургтар нашр мешаванд, масалан  «Донишномаи кӯдакон ва наврасон», ки барои сайқал додани донишу ҷаҳонбинии кӯдакон бисёр китоби арзишманд аст, нархи гарон доранд. Ҳамин гаронии  нарх сабаб шудааст, ки на ҳама оилаҳо, аз ҷумла, кӯдакон  ба он дастрасӣ пайдо намоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи номбурда, масъалаи дигар- ин дар сатҳи паст қарор доштани тарғибу ташвиқи китобҳои кӯдакона аз тариқи симову садо мебошад. «Ҳамарӯза он китобҳоеро, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, бояд аз тариқи телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқ  кунем. Дар ин масъала падару модарон ва омӯзгорон низ масъуланд, зеро ҳар қадар кӯдаконро ба китобу китобхонӣ бештар роҳнамоӣ кунем, ҳамон андоза онҳо боақлу соҳибхирад ва ватандӯст тарбия меёбанд. Вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа аст, ки кӯдакон  бо китобҳои пурмуҳтавою тозанашр  таъмин шаванд»,-гуфт Муҳаммаднабӣ Баёнӣ.

Ҳамсуҳбати дигари мо сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Назира Толибова мебошад. Мавсуф мегӯяд, ки  кормандони шуъбаи мазкур ҷиҳати ҷалби хонандагон ба китобхона, махсусан  тарғибу ташвиқи адабиёти кӯдакона дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва муассисаҳои томактабӣ  корҳои тарғиботиро бештар намуда, аз тариқи слайдҳо имкониятҳои шуъбаро ба хонандагону волидони онҳо пешкаш мекунанд. «Агарчи ба шуъбаи мо ҳамарӯза то 200 нафар хонандагон меоянду аз хизматрасониҳои мо бархурдор мешаванд, вале ин хеле кам аст.  Зеро шуъбаи мо шароити хубро дорост.  Дар шуъба дар баробари хизматрасониҳои  анъанавӣ, яъне китобӣ, инчунин барномаҳои махсуси компютерие низ мавҷуданд, ки барои хонандаҳо муфиданд.  Агарчӣ  хонандагони хурдсоли мо бештар ба барномаҳои компютерӣ таваҷҷуҳ доранд, вале мо пеши онҳо шарт мегузорем, ки то китоберо мутолиа накунанд, аз барномаи компютерӣ бархурдор намешаванд. Зеро мо мехоҳем таваҷҷуҳу дилгармии   бештари хонандаи мо, пеш аз ҳама, ба китоб бошад»,-мегӯяд Н. Толибова.

Дарвоқеъ, бедор кардани муҳаббату дилбастагии кӯдакону наврасон ба китоб гувоҳи он аст, ки онҳо фардо  чун шахсиятҳои боақлу заковат, донишманду фарҳангдӯст ва дар маҷмӯъ, чун насли ояндасози Тоҷикистон ба воя мерасанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,

АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд