«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе намоиши маҳсулоти гулдӯзӣ баргузор гардид

Апрель 13, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ дар бинои «Душанбе Мол» («Ашан») намоиши  маҳсулоти гулдузӣ таҳти унвонӣ «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар доираи намоишгоҳ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандон баргузор гардид, ки аз он сокинони пойтахт ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ баҳра бурданд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ҷамъомад  ба  ҳунармандоне, ки дар барномаи консертӣ иштирок доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Апрель 13, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад