Сайёҳони Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.04.2018. /АМИТ “Ховар”/. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳон ба имкониятҳои сайёҳии кишвар бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, як зумра ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон мизи мудаввар баргузор гардид.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ки дар вохўрии мазкур президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон, бо шумули “Перфект Трейвлз”, “Инкрейбл Индия”, “Мера трейвлз”, “Едванча волд” ва дигарон ҳузур доштанд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, имтиёзҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуданд, имконияти фарохеро ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам оварда, дар самти густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои олам низ заминаи мусоид ба вуҷуд меоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ шароити якранг барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷонибҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, тартиби ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд. Ифтитоҳи хатсайри дуюми ширкати ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ва баргузории форуми намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ нуктаҳои муҳими мулоқоти мазкур буданд.
Ба гуфтаи президенти ширкати сайёҳии “Перфект трейвлз” Раҷ Баҷаҷ, танҳо соли гузашта 23 млн нафар аз Ҳиндустон ба кишварҳои мухталифи олам ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон иброз намуданд, ки минбаъд Тоҷикистонро ба сайёҳон тавсия хоҳанд дод.
Бояд зикр намуд, ки Ҳиндустон аз лиҳози демографӣ яке аз сераҳолитарин кишвари олам баъд аз Чин ба шумор рафта, айни ҳол аҳолии он 1 млрд 340 млн 468 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, сокинони Ҷумҳурии Ҳиндустон сайёҳони иқтидорӣ ба шумор мераванд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






