Сармоягузорони Арабистони Саудӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро меомӯзанд

Апрель 4, 2018 16:59

ДУШАНБЕ, 04.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорон ва сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақша доранд, ки шароит ва имконоти бозори Тоҷикистонро барои сармоягузорӣ омӯзанд. Дар ин бора SPA хабар медиҳад.

Раиси Сарраёсати сайёҳӣ ва мероси миллии Арабистони Саудӣ шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мероси миёни Шоҳигариву Тоҷикистон ва воситаҳои таҳким ва рушди онҳо баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамнчунин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд», — менависад SPA.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони саудӣ давоми соли равон ба Душанбе ташриф меоранд.

«Тавофуқоти марбута дар чорабиниҳо дар Арабистони Саудӣ мувофиқат карда шудаанд»,- омадааст дар хабари манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 1-2 апрели соли равон дар шаҳри Риёз ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию техникӣ, инчунин 2-3 апрел дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда форуми соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардиданд.

«Фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда шуда, як зумра лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуданд», — иттилоъ доданд аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Бино ба иттилои SPA, аз соли 2007 то соли 2017 сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 160,2 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд.

Апрель 4, 2018 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд