Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Москва бо Раиси Ҳукумати Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд

Апрель 20, 2018 13:33

ДУШАНБЕ, 20.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 19 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дар садри ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Москва сафар кард, бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои асосии ҳамгироии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳоро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаҳои ҳамгироӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи механизмҳои ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо  аҳамияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодиро дар таҳким ва тақвияти минбаъдаи ҳамгироии мутақобила дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ зикр намуданд.

 

Апрель 20, 2018 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид