«Сомон Эйр» дар Истанбул намояндагии расмӣ боз кард

Апрель 17, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши фаъолияти истеҳсолӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» намояндагии расмии худро дар шаҳри Истанбули Туркия таъсис дод. «Ин иқдом дар ҷараёни кори тӯлонӣ бо ҷониби Туркия бобати даст кашидан аз ҳамкории фосилавӣ, аз байн бардоштани  мушкилоти  гуногуни эҷодшаванда ва ҷоннок намудани раванди корӣ ба миён омад»,- мегӯяд  директори генералии ширкати «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II.

Гуфта мешавад, ки намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  манфиатҳои ширкатро дар фурудгоҳи Истанбул ифода ва ҳимоя намуда, бо фурудгоҳ, агентиҳои фурӯши интиқолӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин мақомоти ҳокимияти маҳалливу дигар идораҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва иҷрои парвозҳо, таъмини мунтазамии онҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон намояндаги «Сомон Эйр» риояи меъёрҳову тартиботи муқаррарнамудаи ширкатро, ки  фаъолияти авиатсионӣ ва сатҳи хизматрасониро танзим менамоянд, таъмин намуда, аз рӯи кори  низоми фурӯши интиқоли ширкати ҳавопаймоӣ назорат менамояд.

Аз маркази матбуоти ширкати «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки фаъолияти намояндагии ширкати хавопаймоии «Сомон Эйр» дар Истанбул пурра бо асноди умумии муассисотии ширкат танзим мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа амалӣ менамояд. Аз моҳи июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим дорад, ки парвозҳоро дар ин самт зиёд намуда, онро дар як ҳафта ба се маротиба расонад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 6-у 20 дақиқаи вақти маҳаллӣ буда, парвоз аз Истанбул соати 10-45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад. Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  дар шаҳри Истанбул бо нишонии зерин ҷойгир шудааст:

Abdurrahman Nafiz Gurman Mah.

General Ali Riza Gurcan cd. No: 27,

Merter-Gungoren, 34173 Istanbul, Turkey.

(+90) 535 568 53 41.

 

 

Апрель 17, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид