Таҳти раисии Тоҷикистон дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашт

Апрель 7, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрели соли 2018 Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд. Инчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, барномаи байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ, таъйин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо барои мақомоти тафтишоти андоз ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Апрель 7, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд