ТАВАҶҶУҲИ ХОСАИ НАВРАСОНИ ЧИН БА ФАРҲАНГУ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Дипломатҳои Сафорати Тоҷикистон дар Пекин бо рӯзноманигорони навраси Чин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот бо гурӯҳи рӯзноманигорони наврас аз шаҳри Тиенҷин доир гардид. Ҳангоми мулоқот дипломатҳои тоҷик ба наврасони чинӣ дар бораи марҳилаҳои мухталифи таърих, фарҳанги бою қадима ва анъанаҳои миллии тоҷикон маълумот дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои ҳамсояи дӯст ва шарикони боътимод мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
Чунин нишасти ғайриоддӣ, ки инак бори дуюм аст бо ибтикори Анҷумани рӯзноманигорони наврас доир мегардад, шаҳодат аз он медиҳад, ки таваҷҷӯҳи насли навраси Чин ба фарҳангу таърихи тоҷикон зиёдтар мегардад.
Дипломатҳои тоҷик ба саволҳои мухбирони наврас ҷавобҳои муфассал дода, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстони худро дар Тоҷикистон пайдо кунанд, бо падару модарашон ба Ватани зебои тоҷикон ба сайру саёҳат раванд.
Дар анҷоми чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба ташкилкунандагони нишаст арзи сипос намуд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки иртиботи бевосита ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни куҳани миллати тоҷик пешорӯи ҳавасмандон дунёи зебою нотакрореро боз хоҳад кард. Таваҷҷӯҳи рӯзноманигорони наврас ба он ҷалб карда шуд, ки моро лозим аст, ки дар якҷоягӣ ба таҳкиму рушди равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чин ҳамаҷониба мусоидат намоем.










Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид






