Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи об буд, ҳаст ва мемонад!

Апрель 24, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи об буд, ҳаст ва мемонад! Чунин зикр кард ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад зимни ифтитоҳи Конференсияи байналмилалии «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ», ки ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бахшида шуда буд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, на танҳо чун ташаббускори баррасии мавзӯи об, балки чун ҷонибдори амалӣ намудани иқдомоту чораҳои мушаххас доир ба истифодаи устувори ин захираи ҳаётан муҳим баромад карда, ба истифодаи устувору самараноки имкониятҳои об, таҳкими ҳамкории байналмилалии одилона ва мутақобилан судманд таъкид менамояд.

Конференсияи мазкур бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он 26 маърӯзаи илмиву тадқиқотӣ аз ҷониби донишмандони дохилу хориҷ мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Зимни маърӯзаҳо таъкид шуд, ки об ҳамчун моеи ташаккулёфтаи табиат дар асри мо на ин ки ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, балки паҳлуҳои сиёсиву давлатиро низ дар худ муаррифӣ менамояд.

Об метавонад ҳам боиси сар задани танишу низоъ бошад ва ҳам метавонад барои ҳамкории фароху густардаи байни давлатҳо имкониятҳофароҳам орад. Тоҷикистон бо иқдомҳои наҷиби худ барои бунёди заминаи мустаҳками ҳамкории фарогир байни давлатҳо дар соҳаи об нақши калидӣ дорад.

Ҳарчанд, ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир ҳанӯз вуҷуд доранд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳонро норасоии об таҳдид намуда, то соли 2050 камбуди об шиддат хоҳад гирифт.

Ҳамзамон, ҳамбастагии «об – неруи барқ – озуқаворӣ» низ, ки баҳисобгирии мутавозини манфиатҳои тамоми бахшҳои муҳимро таъмин менамояд, муҳим ба назар мерасад. Ба кор гирифтани чунин шеваи амал, бешак, барои вусъати ҳамкории дурусту оқилона на фақат дар байни бахшҳо, балки дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар низ асоси боэътимод ба вуҷуд меорад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар ҷаҳон беш аз 1 млрд. аҳолии сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, масъалаи об ба унвони яке аз масоили муҳими ҷаҳонӣ, кишварҳои сайёраро барои ҳамкорӣ дар ин самт водор намудааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин давлатҳоест, ки барои ҳалли масъалаи об ташаббусҳои зиёди созанда нишон додааст ва ҳамкорӣ дар соҳаи об бояд бовариро дар байни ҳамаи истифодабарандагони он устувор намуда, барои татбиқи идораи мувофиқашудаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат кунад.

Апрель 24, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст