ТВ «Синамо» дар Рӯзи байналмилалии филмҳои тасвирӣ филми тасвирии тозаэҷоди «Яхмос»-ро пешкаши дӯстони хурдсол менамояд

Апрель 6, 2018 17:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Телевизиони «Синамо» тасмим гирифтааст, ки шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии филмҳои тасвирӣ, ки ҳамасола 6 апрел таҷлил мегардад, филми тасвирии тозаэҷодро бо номи  «Яхмос» пешкаши дӯстони хурдсол намояд.

Дар ин бора сармуҳаррири Идораи  филмҳои тасвирии МД Телевизиони «Синамо» Муҳиддин Сулаймонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Номбурда зикр кард, ки мавзӯи филм аз ҳаёти писараке бо номи Самадҷон нақл мекунад, ки пинҳонӣ аз ҷайби волидон барои яхмос маблағ мерабояд. Ин амали ноҷоиз писаракро ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мекунад. Барои раҳо шудан аз ин мушкилӣ писарак бояд чӣ кор кунад? Ба ин савол баъди тамошои филми тасвирӣ ҷавоб хоҳед ёфт.

Дар ҳақиқат филмҳои аниматсионӣ офаридае ҳастанд, ки бо тамошои онҳо дунёи кӯдакон то андозае тағйир меёбад ва боиси хушнуд гаштани насли наврас мегардад. «Офаридани филми тасвирӣ кори осон нест, барои таҳияи онҳо маблағ ва заҳмати зиёд зарур аст. Аммо пас аз ин заҳматҳо офаридае пайдо мегардад, ки ҳам боиси хушнудии насли наврас мегардад ва ҳам дар таълиму тарбияи онҳо саҳм мегузорад»,-мегӯяд М. Сулаймонӣ.

Ба андешаи номбурда, рисолати асосии филмҳои тасвирӣ на танҳо болида сохтани насли наврас аст, балки ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо мебошад. Дар мазмуни ҳар филми тасвирӣ ҳикмате нухуфта аст ва он қобилияти ба роҳи рост ҳидоят сохтани насли наврасро дорад. Яъне ҳар як қиссаву ҳикоя, ривояту афсона ҳикмати хосси худро дорад.

Бино ба нақли М. Сулаймонӣ, «баъди таъсис ёфтани ТВ «Синамо» мо як гурӯҳ ҷавононро гирд овардем ва пас аз омӯзиши кӯтоҳе ба омода намудани филмҳои тасвирӣ шурӯъ кардем. Мавзӯи филмҳои офаридаи мо аз сарчашмаҳои таърихӣ маншаъ мегирад. Мо имрӯз сохтани аниматсияро ба се самт ҷудо кардем. Як гурӯҳ ҷавонон ба сохтани аниматсия барои хурдсолон,  гурӯҳи дигар аниматсия барои калонсолон, яъне ба истилоъ «притчаҳо» ва сеюмин ба филмҳои тасвирӣ дар формати 3D машғуланд».

Муҳиддин Сулаймонӣ гуфт, ки идораи  филмҳои тасвирии МД Телевизиони «Синамо» аз соли нави мелодӣ шурӯъ карда, ба дубляжи филмҳои тасвирӣ оғоз кард. Аллакай якчанд филм, аз қабили «Саргузашти Алибобо ва чил роҳзан», «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок», «Шоҳдухтар ва қурбоққа» ба забони тоҷикӣ баргардон шуданд.

«Зеҳни кӯдакон бисёр тез аст ва ҳар чизе, ки мебинанд, ба он пайравӣ мекунанд. Бинобар ҳамин ҳангоми офаридани филмҳои тасвирӣ ба забони давлатӣ аҳамияти хос дода мешавад. Инчунин дар офаридаҳоямон ҷузъиёти нақшу нигор ва сару либоси миллиро  ҷой медиҳем, то ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ба воя расидани наврасон саҳмгузор бошем»,-илова намуд ӯ.

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- «Баҳористон» низ ба таҳия ва пахши филмҳои аниматсионӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Тавре дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» директори ин шабакаи телевизионӣ Дилафрӯз Амирзода иброз намуд, «шабака мутахассисони ин соҳаро барои ҳамкории доимӣ ва ба хурдсолон пешниҳод намудани роликҳои кӯтоҳҳаҷми кӯдакона ҷалб менамояд. Роликҳои кӯтоҳҳаҷми «Обаки ширин», «Офтобак», «Баҳористон-шабакаи оилавист», «Аспаки ман», «Ақрабаки соат»,  ролики иҷтимоии «Тозагӣ — гарави саломатӣ», «Мӯрчаяки заҳматкаш» аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд».

Бино ба иттилои номбурда, аз аввали соли равон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилафилмҳои аниматсионӣ бо номи «Сандуқчаи зулбиё» (25 қисм) тариқи эфири шабака пахш гардида истодааст.  Барои ҳарчи  бештар пахш  гардидани мавод ба забони давлатӣ фаъолияти дубляжи шабака низ назаррас мебошад. МД «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» барои  боз ҳам бештар намудани мавод  бо забони тоҷикӣ ду адад студияи  сабти  овозро роҳандозӣ намуд, ки  ин имкон дод дар давоми сол  беш аз 15 адад филмҳои тасвирӣ ва беш  аз 80 адад  филмҳои  тасвирии  кӯтоҳҳаҷми  омӯзиширо ба забони тоҷикӣ  баргардонад.

 Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2018 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад