Вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрели соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея Ли Ён Хо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда дар минтақа мебошад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба саъю кӯшишҳои Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея барои ҳимояи манфиатҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аҳамият ва зарурати риояи қатъии қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро доир ба табдили нимҷазираи Корея ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ таъкид менамояд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






