«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат

Апрель 2, 2018 08:55

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 31 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баҳри ободу зебо намудани мавзеъҳои сайёҳгузар дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамоиши  умумӣ таҳти унвони «Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем» баргузор гардид.

Ҳамоиши тозагӣ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, атрофи мевзеъҳои дараи Ромит дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуд.

Бояд гуфт, ки шаҳри Ваҳдат дорои иқтидори бойи сайёҳии экологӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва шикор саҳми арзанда гузорад.

Дар шаҳр мамнуъгоҳи Ромит ва истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», макони сайёҳии «Ёс», мавзеи Канаск ва даҳҳо мавзеъҳои хушманзара мавҷуданд, ки бо ба роҳ мондани  таблиғоти зарурӣ диққати сайёҳони зиёдеро ба тамошои онҳо ҷалб намудан мумкин аст.

Ҳамзамон дар анҷоми шанбегии мазкур оид ба оғози мавсими сайёҳӣ роҳбарияти Кумита бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва мардуми маҳал оид ба сазовор гузаронидани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбати судманд намуданд.

Апрель 2, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад