1 ИЮН ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дар кори он баррасии лоиҳаи 14 санадҳо оид ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар назар аст

Май 22, 2018 15:53

ДУШАНБЕ, 22.05.2018./АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии лоиҳаи 14 санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар аст. Интизор меравад, ки дар мулоқоти хоса доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт табодули афкор сурат гирад. Гузориши раиси Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба рафти музокирот вобаста ба лоиҳаи Созишнома дар бораи хизматрасониҳои тиҷорати озод шунида хоҳад шуд. Ҷонибҳо сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯроро мувофиқа хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ баррасии як зумра санадҳои соҳаи иқтисодиёт дар назар аст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои: Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он; Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои иштирокдори ИДМ; Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ва ғайраҳо.

Илова бар ин, қарор дар бораи тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳову чорабиниҳои инноватсионии байнидавлатӣ доир ба барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.

Дар бахши гуманитарӣ сарони ҳукуматҳо маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин бахш лоиҳаҳои қарорҳо оид ба Низомнома дар бораи Конгресси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар бораи Лоиҳаи байналмилалии ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ «100 ғоя барои ИДМ» низ муҳим ба шумор мераванд.

Ҳамчунин муҳокимаи натиҷаҳои санҷишҳои фаъолияти молиявию иқтисодии гузаронидашуда дар мақомоти Иттиҳод дар соли 2017, ки аз ҷониби буҷаи ягонаи мақомоти ИДМ маблағгузорӣ шуданд, қабули қарорҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокдор, дар бораи таъйини муовинони Раиси Кумитаи иҷроия – Котиботи иҷроияи ИДМ ва Раиси Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷалсаи қаблии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 3 ноябри соли 2017 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд. Дар он доираи васеи масъалаҳои ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ шуданд. Иштирокдорони ҷаласа изҳороти сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ-ро дар бораи муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муқовимати самарабахш ба ҷинояткорони байналмилалӣ қабул намуданд.

Май 22, 2018 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид