Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Вотел

Май 11, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон,  талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Зимнан, Пешвои миллат аҳамияти Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва  таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро зикр карданд.

Май 11, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид