«Асрори як сафар» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 3, 2018 14:52

ДУШАНБЕ 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар гӯшаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (30.04.2018, №85) гуфтаҳои зерини доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим, раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудиро чоп кардааст: «Таассуроти ман аз сафар ба Тоҷикистон нек ва олӣ аст. Дар бораи мардуми тоҷик бисёр хондаму шунидаам, тоҷикон меҳмоннавоз ва хоксоранд. Он чизеро, ки имрӯз дидам, дар ҳақиқат ба хондаву шунидаам рост омад. Ман Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси таърихӣ дарёфтам. Шахсияти бисёр олӣ ва муассир ҳастанд. Аз масъалаҳои мубрами мардум ва минтақа огоҳанд ва барои ҳалли онҳо кӯшиш мекунанд». Дар тасдиқи суханони раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ мақолаи Сарвар Раҷабов бо сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори фаъоли ҳалли масъалаҳои калидии ҷаҳон» пешкаши хонандагон шудааст, ки дар он муаллиф чунин изҳор кардааст: «Мо шоҳиди он ҳастем, ки гузашти вақт талошҳо ва самтгириҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи пайкор ҳақ баровард. Самараи ибратомӯзу бунёдбахши хизматҳои дохилӣ ва сатҳи ҷаҳонии он кас буд, ки аз забони шахсиятҳои маъруфи олам хизматҳояш чунин эътироф шуданд: «Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист, ки хизматҳояш дар тамоми олам эътироф гардидаанд».

«Асрори як сафар» — бо ҳамин сарлавҳа мақолаи меҳварии «Ҷумҳурият» (2.05.2018, №86) аз чоп баромад. Муаллифи мақолаи мазкур нависандаи хушсабку ҷаззоббаён Абдулҳамид Самад тафсилоти пурраи сафари Пешвои миллатро ба воситаи чархбол ба шаҳри Панҷакент тасвир карда, рӯҳия, бардошт ва ҳиссиёти онҳоеро, ки барояшон мулоқоти ғайричашмдошту то охири умр фаромӯшношуданӣ бо Президенти мамлакат муяссар гардидааст, бо ҳунари нависандагӣ баён кардааст. «Саҳар аз гӯшаи хаёли шофири ҷавони раиси ноҳияи Варзоб Ёдгор Шералӣ намегузашт, ки ногаҳон имтиҳони ҷиддитарин пеш меояд… Почаҳояш аввал ларзиданд ва асири ҳиссиёти ноошно, шабеҳ ба биму ҳарос шуд. Охир дар паҳлӯяш Пешвои миллат, шахсияти якуми ҷумҳурӣ нишастааст. Ҷаноби Олӣ ба хотири аз вазъияти ногувор баровардани шофир ва аз дили ӯ берун кардани биму ҳаяҷон сафари чанд сол пешинаашро ба Мурғоб бо шавқ ба ёд овард». Овози нарми Президент ба дилҳо тамкину оромӣ бахшид. Муаллиф ҳамчунин таассуроти сокинону роҳсозонро, ки шоҳиди ба деҳоти Зиддӣ ғайричашмдошт фуруд омадани чархбол шуда буданд, тасвир кардааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии мамлакат «Садои мардум» оид ба маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоияи расмӣ нашр кардааст. Дар саҳифаи якуми «Садои мардум» тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бознашр гардидааст. Оид ба баргузор шудани мизи мудаввар дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» гузориши муфассал бо сарлавҳаи «Муборизаҳои иттилоотӣ шиддат меёбанд» пешкаши хонандагон шудааст. «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат ёфтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва шарти зарурӣ дар самти таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Воситаҳои ахбори омма барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забону адабиёт ва илми тоҷик, таъриху фарҳанги миллат, расидан ба истиқлоли маънавӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои инсонӣ нақши муҳим ва созанда доранд», — омадааст дар хабари нашрия.

«Минбари халқ» — нашрияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон номаи сипоси паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро нашр кардааст. «Маҳз ғамхории Шумо, Пешвои кабири миллати сарбаланди мо буд, ки варзишгарони ҷавоне ба монанди камина имкони дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва пирӯз шуданро пайдо кунанд. Барои тарбияи як варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ маблағи зиёд даркор аст ва сохторҳои марбутаи варзиши ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон ва ширкатҳои муваффақ бо дастури ҳидоятҳои Шумо, Пешвои муаззам, имкони молии тамрин ва сафарҳои варзишии маро фароҳам оварданд, ки самимона сипосгузорам», — навиштааст паҳлавони тоҷик.

Мақолаи таҳлилии нашрия бо сарлавҳаи «CORYPAST» — баҳси илмӣ ё сиёсӣ. Ё ҳангомаи олиме, ки орзуи сиёсатмадор шудан дошт» парда аз рӯи онҳое бардоштааст, ки дар сиёсат муваффақ нашуда, акнун барои худро ба ҷомеа «шиносонидан» даст ба «тадқиқ»-и пурғарази асарҳои илмии шахсиятҳои алоҳида заданд. «Ин олими дӯстдори сиёсат бо «Диссернет»-и худ ором нанишаста, соли 2015 натиҷаҳои ташхиси рисолаи номзадии раиси Думаи давлатии Россия Сергей Наришкинро дарҷ намуда, ӯро ба «асардуздӣ» мутаҳҳам кард. Вале Сергей Наришкин дар посух чунин иброз дошт, ки «ман ба баҳогузорӣ ва ташхисҳои олимони ҳақиқӣ бовар дорам».

Мақолаи дигари нашрияи «Минбари халқ» бо номи «Пушти девори сангини одоб» масъалаҳои нозук, вале муҳими зиндагии занонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Нашрияи «Мароми пойтахт» мақолаи Маҷид Салим «Душанбе- диёри орзуҳо»-ро чоп кардааст, ки аз таърихи шаҳри Душанбе ва иқлиму боду ҳавои он нақл мекунад.

 

Май 3, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард