Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Май 31, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар шаҳри Кӯлоб ба имзо расид, ки ба он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маорифпарварии Федератсияи Россия Василева Олга Юревна имзо намуданд.

Дар доираи сафари расмии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия-Роҳбари Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия Абрамченко Виктория Валерйевна имзо карда шуд.

Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисории Федератсияи Россия Пузиревский Сергей Анатолиевич ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дирӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Май 31, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид