«Баланд бардоштани маърифати сайёҳии ҷомеа» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 10, 2018 11:18

ДУШАНБЕ 10.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (8.05.2018, №90) табрикоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар фашизм бознашр шудааст. Дар табрикоти Сарвари давлат зикр шудааст: «Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад. Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷеаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд».

Мақолаҳои «Қаҳрамони абадзинда», «Матинирода. Аз кашшофӣ дар ҷанг то ордени баъд аз марг», «Номаш дар саҳифаи дилҳост», «Суруди нотамоми ҷавонӣ», «Қарсибой Спатаев: «Ё бо ғалаба бармегардам, ё ҳамчун қаҳрамон мемирам», «Рӯзгоре барои ибрат», ки дар шумораи мазкури нашрияи расмӣ чоп шудаанд, оид ба саҳми Тоҷикистон дар таъмини ғалаба ва қаҳрамониву мардонагии ҷанговарони тоҷик нақл мекунанд. Аз ҷумла муаллифи мақолаи «Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба саҳми намоён дошт» навиштааст: «Дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазор дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтаанд. 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 154 нафар бо се ордени Шараф мукофотонида шудаанд».

Дар саҳифаҳои дохилии шумораи мазкури нашрия мақолаҳои «Об. Неъмати бузургро покиза нигаҳ дорем» ва «Сайёҳӣ. Имтиёзҳои андозӣ самар меоранд» чоп шудаанд. Муаллифи мақолаи «Сайёҳӣ. Имтиёзҳои андозӣ самар меоранд» чунин навиштааст: «Коршиносони байналмилалии соҳа эътироф кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи фароҳам овардани шароиту имтиёзҳо ба хотири пешрафти бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифати сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон қадамҳои устувор мегузорад».

Нашрияи «Садои мардум» аз ҷараёни ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, гузориши муфассал чоп кардааст. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгарондӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳалаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ».

Тавре нашрияи парлумонӣ иттилоъ додааст, мақсад аз бартараф намудани андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёд гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, сармояи хориҷӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсисёбии корхонаҳои нав байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ҳангоми муҳокимаи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳалаи 2)» зикр гардидааст, ки бо сохта шудани терминали муосиру ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ иқтидори боркашони Фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, инчунин бунёди шабакаи васеи рейсҳои транзитӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм матни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли равон бо иштироки 400 нафар мутахассион баргузор шуда, таваҷҷӯҳи аксар коршиносони ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба худ ҷалб карда буд, бознашр кардааст. Нашрия ҳамчунин порае аз достони нави шоир Давлат Сафарро таҳти номи «Ватан обшору Ватан чашмасор» пешкаши хонандагон кардааст. Достони нави Давлат Сафар ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2018» бахшида шудааст.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақолаи Зоҳир Раҳмонзода: «Баҳс дар илм ҳамеша буд, вале на ба ин шева»-ро чоп кардааст, ки дар он омадааст: «Тибқи маълумоти мавҷуда, ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» худ як сохтори ғайридавлативу масъулинаш тавассути маблағҳои ҳангуфти хоҷагонаш кору фаъолият кардаву аксари хулосаҳояш муғирзонаанд. Табиист, ки чунин муносибати пасипардагии вақтҳои охири «Диссернет» ва шабакаи хабарии «Akhbor.com» шубҳаву нобоварии дилхоҳ бинандаву хонандаро зиёдтар менамояд. Пас агар чунин набошад, чаро заҳмати олимони тоҷикро аз дидгоҳи интиқодӣ бештар натиҷагириву хулосабарорӣ менамоянд?».

Мақолаҳои «Тоҷикистон – кишвари беназир», «Пойтахти тоҷикони ҷаҳон» ва мусоҳибаи устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Саида Зиккаева таҳти сарлавҳаи «Дар симои зан хизматгорро набинем» дар мавзӯъҳои муҳими рӯз навишта шуда, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

Май 10, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад