Бразилия сармоягузоронашро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб месозад
ДУШАНБЕ, 07.05.2018. /АМИТ “Ховар”/. Ҷониби Бразилия омода аст, то сармоягузорони бразилиро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб созад. Ин нуктаро имрӯз Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Тоҷикистон бо қароргоҳи худ дар шаҳри Исломободи Покистон Клаудио Раҷа Габаглия Линс зимни мулоқот бо муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода иброз дошт.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот Ҳабибулло Амирбекзода оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, дасгирии давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа, корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои оянда иттилоъ дода, иброз дошт, ки мо низ мехоҳем ҷашни Наврӯзи байналмилалии худро мисоли фестивали карнавали Бразилия ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, онро дар сатҳи хеле баланд таҷлил кунем, то ки сайёҳон аз тамоми гӯшаю канори олам ба тамошо биёянд. “Тоҷикистон кишварест, ки дар як вақт метавон 4 фасли солро дид ва маконҳои таърихию мавзеъҳои тамошобоби он ҷолиби диққатанд”, — афзуд Ҳ. Амирбекзода.
Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Тоҷикистон Клаудио Раҷа Габаглия Линс дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Бразилия омода аст, то сармоягузорони бразилиро ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҷалб созад. “Мо аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле шодем ва имконоти сайёҳии Тоҷикистонро ба сокинони Бразилия муаррифӣ намуда, ҳамкории ҷониби Тоҷикистонро бо соҳаи сайёҳии кишвар ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ мемонем”, — иброз дошт Клаудио Линс.
Қобили зикр аст, ки аҳолии Бразилия айни ҳол 206 миллиону 82 ҳазор нафарро ташкил менамояд ва Бразилия ҳамчун кишвари сераҳолӣ дар ҷаҳон дар ҷойи панҷум қарор дорад. Метавон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Бразилия шумораи сайёҳони бразилиро ба Тоҷикистон афзун намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Бразилия аз соли 1996 шурӯъ гардида, то имрӯз ин ду кишвари бо ҳам дӯст дар самтҳои мухталиф ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






