Чемпионати ҷаҳон-2018: Дар гурӯҳи «Д» — беҳтарин дастаҳои футболи ҷаҳон

Май 29, 2018 08:19

ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон — 2018 дар Россия  16 рӯзи дигар боқӣ монд. Аловиддин БӮРИЕВ, шореҳи футболи АМИТ «Ховар», шарҳи худро дар бораи гурӯҳи  «Д», ки дар он дастаҳои мунтахаби  Аргентина, Хорватия, Исландия ва Нигерия қарор доранд,  идома медиҳад

Вақте  ки қуракашӣ ба поён расид,  бисёриҳо изҳор  доштанд, ки  дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018   беҳтарин дастаҳои мунтахаби футбол    маҳз  дар гурӯҳи  «Д»  қарор гирифтанд.  Онҳо  пеш аз ҳама, дар  ин гурӯҳ будани  Аргентина ва ду даста аз қораи Аврупоро дар назар доранд.

Дастаи мунтахаби Аргентина

Дастаи мунтахаби Аргентинаро  номи Месси,  тавре   онро  замоне Диэго Армандо Марадона машҳур  гардонида буд, дар пояи баланди футболи ҷаҳон нигоҳ медорад. Ин  даста дар таърихи  футболи ҷаҳон мисли дигар дастаҳои  машҳур  саҳми беандоза гузоштааст. Дастаи мунтахаби Аргентинаро  баъзан бо номи Албиселесте   ном мебаранд, ки маънояш сафеду кабудпӯшон  аст. Ин даста  дар радабандии нави футболи  ҷаҳон дар зинаи 5 –ум қарор дошта, дар  қатори дастаҳои беҳтарини дунё,  чун Бразилия ва Франсия дохил мешавад. Дастаи мазкур  зери парчами Федерасияи футболи ҷаҳон ғолиби Чемпионати ҷаҳон, Бозиҳои Олимпӣ ва Ҷоми Конфедератсия шудааст.

Ин даста  аз  42  мусобиқаҳое, ки  дар Чемпионатҳои Америкаи Ҷанубӣ  доир гардидаанд, дар  38  бозии он иштирок карда, 14  маротиба соҳиби унвони чемпионӣ гардидааст. Ин нишондоди онҳо  дар Чемпионатҳои ҷаҳон низ арзанда аст.  Дастаи мазкур ду маротиба унвони чемпиониро дар солҳои 1978 ва 1986 ба даст овардааст.  Марадона тамоми мухлисони ҷаҳонро он солҳо ба ваҷд оварда буд.

Соли 1986 дар варзишгоҳи Атстекаи Мексика бозии финалии  Аргентина  ва  Германия доир гард, ки дар он 114 ҳазору 600 тамошобин  ҳузур дошт.  Марадона дар ин вохӯрӣ гол назад, аммо ду голи задааш дар бозии чорякниҳоӣ дар муқобили Англия ва нимфиналӣ дар муқобили Белгия, ба тавоноии дастаи мунтахаби Аргентина шаҳомати хоса зам кард. Дар вохӯрии финалӣ Браун дар дақиқаи 23- юм ҳисобро боз кард. Бартарии Аргентинаро Валдано дар нимаи дувуми бозӣ бештар намуд. Шубҳае намонда буд, ки Аргентина дар ин вохӯрӣ дастболо мешавад. Аммо футболбозони  Германия  тавассути голҳои Карл Хайн Руминиге ва Руди Фёллер ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 85-уми  бозӣ  Буручага ба дарвозаи Германия   голи ғолибиятро зад.  Дар натиҷаи ин пирӯзӣ  Аргентина маротиба дувум соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардид. Ин дастотварди футболбозони Аргентина то ба имрӯз такрор нашудааст.

Соли 1990 ва соли 2014 аргентинагиҳо ба мақсади худ наздик шуданд, аммо дар бозии финалӣ бахташон омад накард. Пеш аз ҳама, ба футболбози беҳтарини ҷаҳон Месси муяссар намегардад, ки ба орзуи чемпиони ҷаҳон шудан расад. Соли 1990 футболбозони Аргентина аз Германия  бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуданд. Ҳарифи доимии дастаи мунтахаби Аргентина дар бозии финалӣ дастаи мунтахаби Германия мебошад. Маҳз олмониҳо дар ду бозии финалӣ як маротиба мағлуб шуда, ду маротиба талхиии  бохтро ба аргентинагиҳо  чашониданд.

Соли 2014 дар Чемпионати охирини ҷаҳон боз Аргентина ва Германия  барои медалҳои тилло вориди рақобат шуданд. Дар ҳузури тақрибан 75 ҳазор мухлис ба Марио Гётсе муяссар гардид, ки дар қисми иловагӣ дар дақиқаи 113 –уми бозӣ  голи ғолибиятро ба дарвозаи Аргентина зада,  ба унвони чемпионӣ сазовор гаштани   дастааш  мусоидат намояд.

Дастаи мунтахаби Аргентина барои ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифтан душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронда,  дар мавриди охир ба қатораи Чемпионати чаҳон-2018  роҳ ёфт. Дар маҷмӯъ, аз Америкаи Ҷанубӣ Бразилия соҳиби зинаи якум, Уругвай дувум, Аргентина сеюм ва Колумбия бо Перу дар зинаҳои чоруму панҷум қарор гирифтанд. Барои қисме аз бозингарони Аргентина ин Чемпионати охирин ба ҳисоб меравад. Агар унвони чемпиониро соҳиб нашаванд, шояд аз қатори беҳтарин бозингарони сайёра аз нигоҳи унвондорӣ берун монанд.

Ду дастаи аврупоӣ — Хорватия ва Исландия  барои дастаи мунтахаби Аргентина  дар гурӯҳи «Д» ногувор ба ҳисоб мераванд. Умуман дастаҳои аврупоӣ маҳз дар рақобатҳои ҳалкунанда Аргентинаро барои чемпион шудан аз сари роҳи худ берун кардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина:

Дарвозабонҳо: Серхио Ромеро («Манчестер Юнайтед»), Науэл Гусман («Тигрес»), Вилли Кабалеро («Челси»), Франко Армани (Ривер Плейт»);

Муҳофизатгарон: Маркос Рохо («Манчестер Юнайтед»), Херман Песселя («Бетис»), Кристиан Ансалди («Торино»), Рамиро Фунес Мори («Эвертон»), Федерико Фасио («Рома»), Николас Отаменди («Манчестер Сити»), Маркос Акуня («Спортинг»), Эдуардо Салвио («Бенфика»), Николас Таляфико («Аякс»), Габриэл Меркадо («Севиля»);

Нимҳимоятгарон: Пабло Перес («Бока Хуниорс»), Адриан Сентурион («Расинг»), Максимилиано Меса («Индепенденте»), Гидо Писарро («Севиля»), Энсо Перес («Ривер Плейт»), Родриго Батталя («Спортинг»), Хавер Маскерано («Хэбэй Чайна Форчун»), Леандро Паредес («Зенит»), Мануэл Лансини («Вест Хэм»), Джовани Ло Челсо, Анхел Ди Мария (ҳар ду аз «ПСЖ»), Лукас Биглия («Милан»), Эвер Банега («Севиля»);

Ҳамлагарон: Гонсало Игуаин, Пауло Дибала (ҳар ду аз «Ювентус»), Лионел Месси («Барселона»), Серхио Агуэро («Манчестер Сити»), Диего Перотти («Рома»), Кристиан Павон («Бока Хуниорс»), Лаутаро Мартинес («Расинг Авелянеда»), Мауро Икарди («Интер»);

 Дастаи мунтахаби Хорватия

Дар таърихи футболи ҷаҳон  дастаи мунтахаби Хорватия низ мақоми махсус дорад.  Ин даста  соли 1990  таъсис ёфта,  бо дастоварҳои худ ҳамчун яке аз дастаҳои беҳтарини мунтахаби ҷаҳон шинохта шудааст.

Футболбозони Хорватия соли 1996  қадамҳои нахустини худро дар бозиҳои байналмилалӣ ва интихобии Чемпионати Аврупо гузоштаанд.  Беҳтарини бозингарони  футбол, ки  замоне дар дастаи мунтахаби Югославия бозӣ мекарданд,  ба дастаи  мунтахаби Хорватия шомил шуданд.

Дастаи Хорватия  маҳз бо шарофати   ҳунарнамоии баланди онҳо  ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 1998  роҳхат гирифтанд. Он вақт дар  даста  Давор Шукер, Роберт Просинечки, Славен Билич, Дарио Шимич ва дигарон   бозӣ мекарданд, ки дар байни ҳаводорони футбол маъруфияти зиёд  пайдо карданд.

Дастаи мазкур   он вақт низ дар гурӯҳи «Н» бо Аргентина якҷоя  қарор дошт. Бозии байни онҳо бо ҳисоби 1: 0 бо пирӯзии аргентинагиҳо ҷамъбаст шуд. Қувваи худро хорватҳо дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Германия нишон дода, дар вохӯрии чорякниҳоӣ чемпионҳои ҷаҳонро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Ярни Влаовия ва Давор Шукер муаллифони голҳо гардиданд. Дар ҳамон чемпионат дастаи мунтахаби Франсия мизбони бозиҳо -Хорватияро бо ҳисоби 2 :1 мағлуб карда,  онҳоро аз  баромадан  ба финал  маҳрум кард. Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм футболбозони Хорватия   Голандияро мувоҷҷеҳи шикаст карданд. Давор Шукер бо 6 голи задааш нишонзани беҳтарини Чемпионати ҷаҳони соли 1998 гардид.

Дар чемпионатҳои минбаъдаи ҷаҳон дастаи мунтахаби Хорватия дар бозиҳои гурӯҳӣ ширкат хӯрд. Имсол ин даста аз гурӯҳи «И”-и Аврупо,  аз мақоми дувум ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз ҳама аҷиб он аст, ки дастаи мунтахаби Исландия ҳам, ки дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 бо Хорватия дар як гурӯҳ ҳастанд,  аз гурӯҳи «И”-и Аврупо  ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтааст. Дар бозиҳои гурӯҳӣ Хорватия бо Исландия дидорашонро бо нишондоди 0:1 ба фоидаи  Исландия ва дар бозии баргашт 2:0 бо пирӯзии хорватҳо ҷамъбаст кардаанд. Дар натиҷа Исландия бо 22 имтиёз дар зинаи аввал ва Хорватия Украинаро танг карда, бо касби 20 имтиёз ҷойгузини мақоми дувум гардид.  Аз ҳама аҷоиб боз  он аст, ки  Исландия ҳамагӣ 320 ҳазор аҳолӣ дорад.

Дастаи мунтахаби Исландия

Бояд зикр кард, ки  дастаи мунтахаби Исландия  бори аввал дар бозиҳои ниҳоии  Чемпионати ҷаҳон дар Россия иштирок мекунад. Ин даста соли 2016  аввалин маротиба ба бозиҳои финалии Чемпионати Аврупо  роҳ ёфта, то бозии чорякфинал баромадааст.  Ҳунарнамоии падару писар дар  ин даста  як  хусусияти   дигари ин даста маҳсуб мешавад. 24 апрели соли 1996 Эйдур Смари Гудёнсен  дар вохӯрии рафиқона бо дастаи мунтахаби Эстония падараш Арнораро иваз кардааст. Рекорди дигари исландиҳо ин ғалаба бар чемпионҳои ҷаҳон -дастаи мунтахаби Италия бо натиҷаи 2:0 ба ҳисоб меравад. Рекордсмени ин даста Рунар Кристинсон ба ҳисоб меравад, ки дар ҳайати даста 104 бозӣ гузаронида, 3 гол задааст.

Соли 2016 дар Чемпионати Аврупо футболбозони Исландия бо ғолибони он -дастаи мунтахаби Португалия бо ҳисоби 1:1 дар бозиҳои гурӯҳӣ натиҷаи мусовиро нишон доданд ва  дар чорякфинал аз дастаи мунтахаби Франсия бо ҳисоби 5:2 мағлуб шуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Исландия:

Даврвозабонҳо:— Ханнес Халдорссон («Рандерс»), Рунар Рунарссон («Норшелланд»), Фредерик Шрам («Роскилде»);

Муҳофизатгарон: Биркир Севарссон («Валур»), Рагнар Сигурдссон, Сверрир Ингасон (ҳар ду аз  «Ростов»), Кари Арнасон («Абердин»), Ари Скуласон («Локерен»), Хордур Магнуссон («Бристол Сити»), Холмар Эуйолфссон («Левски»), Самюэл Фридйонссон («Волеренга»);

Нимҳимоятгарон: Арон Гунарссон («Кардифф»), Гилфи Сигурдссон («Эвертон»), Биркир Бярнасон («Астон Вилла»), Йоханн Берг Гудмундссон («Бернли»), Эмиль Халфредссон («Удинезе»), Рюрик Гисласон («Зандхаузен»), Арнор Траустасон («Малме»), Олафор Скуласон («Карабюкспор»);

Ҳамлагарон: Йон Дади Бодварссон («Рединг»), Альфред Финнбогасон («Аугсбург»), Бйорн Сигурдарссон («Ростов»), Алберт Гудмундссон (ПСВ).

Дастаи мунтахаби Нигерия

Дастаи мунтахаби Нигерия дар чемпионатҳои гузаштаи ҷаҳон танҳо то бозиҳои 8/1 ниҳоӣ баромадааст. Ин дастаи қитъаи Африқо, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар мақоми 47-ум ҷойгир мебошад, дастовардҳои бузургро дар Ҷоми миллатҳои Африқо ва Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ комёб шудааст. Мутахассисони соҳаи футбол идао доранд, ки Нигерия метавонад ҳангомаро дар Чемпионати ҷаҳон аз худ боқӣ гузорад.

Солҳои 1980, 1994 ва соли 2013 дастаи мунтахаби Нигерия соҳиби Ҷоми қитъаи Африқо ва медалҳои тилло гардид. Албатта тавре мухлисони футбол  медонанд, дастаҳои мунтахаби африқоӣ он қадар дар бозиҳои Чемпионати ҷаҳон муваффақ нестанд.

Аҷоиб он аст, ки дар Чемпионатҳои ҷаҳон дастаи Нигерия ва Аргентина  ҳамеша бо ҳам, дар як гурӯҳ меафтанд. Ҳамон соле, ки авҷи шӯҳрати Диэго  Марадона  дар   дастаи  Аргентина  ба авҷи аъло расида буд,  дар ҳайати дастаи мунтахаби Нигерия Финиди Ҷорҷ, Самсон Сиасиа ва Сандей Олисеро, ки Луи ван Гал бо пули худаш барои дастаи   Аякс харидорӣ карда буд,  бозӣ мекарданд.  Дар чемпионати соли 1994 Нигерия дар муқобили Аргентина бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.

Соли 2002 ва 2010 Аргентина боз бо ҳисоби 1:0  дастаи Нигерияро   мағлуб кард. Рақобати Нигерия бо Аргентина бо лашкаркашии Леонел Месси ваАҳмад Мусо дар майдонҳои Порту Алегрии Бразилия  дар Чемпионати ҷаҳони соли 2014  бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи аргентинагиҳо анҷом ёфт.

Ду голро Леонел Месси ва Аҳмад Мусо ба номи худ мӯҳр зада,  муаллифи голи ғолибият Рохо дониста шуд.

Дастаи мунтахаби Нигерия соли 1996 барандаи медалҳои тиллои Олимпиадаи Аталанта гардида, соли 2016 дар Бразилия соҳиби медалҳои нуқра  гардид.

Акнун ба бозии охирини рафиқона , ки Аргентина бо Нигерия соли равон дар варзишгогҳи «Краснодар Арена» барпо кард,  таваҷҷуҳ мекунем. Ягон нафар умед надошт, ки Нигерия Аргентинаро шикаст медиҳад. Аммо Нигерия  Аргентинаро  бо натиҷаи 4:2  мағлуб кард. Ин натиҷаи чашмрас пеш аз Чемпионати ҷаҳон ба футболбозони Нигария рӯҳу илҳоми тоза ва боварӣ мебахшад, ки онҳо метавонанд дар  ин чемпионат   ба натиҷаҳои беҳтаре ноил гарданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Нигерия:

Дарвозабонҳо: Даниэл Субашич («Монако»), Ловре Калинич («Гент»), Доминик Ливакович («Динамо»), Карло Летиса («Хайдук»);

Муҳофизатгарон:  Ведран Чорлука («Локомотив»), Домагой Вида («Бешикташ»), Иван Стринич («Сампдория»), Деян Ловрен («Ливерпул»), Шиме Врсалко («Атлетико»), Йосип Пиварич («Динамо» К), Тин Едвай («Байер»), Матей Митрович («Брюгге»), Борна Баришич («Осиек»), Зоран Нижич («Хайдук»), Дуйе Чалета-Тсар («Залсбург»), Борна Соса («Динамо»);

Нимҳимоятгарон: Лука Модрич, Матео Ковачич (ҳар ду аз «Реал»), Иван Ракитич («Барселона»), Милан Бадел («Фиорентина»), Марсело Брозович («Интер»), Марко Рог («Наполи»), Марио Пашалич («Спартак»), Филип Брадарич («Риека»);

Ҳамлагарон: Марио Мандҷукич («Ювентус»), Иван Перишич («Интер»), Никола Калинич («Милан»), Андрей Крамарич («Хоффенхайм»), Марко Пятса («Шалке»), Анте Ребич («Айнтрахт»), Дуйе Чоп («Стандард»), Иван Сантини («Кан»).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «D»

16 июн. 16.00. Москва. «Спартак». Аргентина – Исландия
16 июн. 22.00. Калининград. Хорватия – Нигерия
21 июня. 21.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия
22 июн. 18.00. Волгоград. Нигерия – Исландия
26 июн. 21.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина.
26 июн. 21.00. Ростов-на-Дону. Исландия – Хорватия

 

 

Май 29, 2018 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид